Паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ба кунгураи азими Ҳаҷ


Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Қуръон, IQNA, матни паём ба шарҳи зер аст.


Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим


Фаро расидани мавсими ҳаҷро бояд иди бузурги уммати исломӣ ба шумор овард. Фурсати муғтанаме, ки ин рӯзҳои гаронбаҳо дар ҳамаи солҳо барои мусалмонони ҷаҳон падид меоварад, кимиёи мӯъҷизагаре аст, ки агар қадри онро шинохта ва чунонки шоиста аст ба кор гирифта шавад, бисёре аз осебҳо ва осебпазириҳои дунёи ислом илоҷ хоҳад шуд.


Ҳаҷ, чашмаи ҷӯшони файзи илоҳӣ аст. Яко-яки шумо ҳоҷиёни саодатманд, акнун ин иқболи баландро ба даст овардаед, ки дар ин аъмол ва маносики оканда аз сафо ва маънавият, дилу ҷонро шустушӯе басазо дода, аз ин манбаъи раҳмат ва иззату қудрат, захирае барои ҳамаи умри хеш бардоред. Хушуъу таслим дар баробари Худои Раҳим, таъаҳҳуд ба вазоифе, ки бар дӯши мусалмонон ниҳода шудааст; нишот ва ҳаракату иқдом дар кори дину дунё; раҳму гузашт дар таъомул бо бародарон; ҷуръату эътимод ба нафс дар баробари ҳаводиси душвор; умед ба кӯмак ва дастгирии Худованд дар ҳама ҷо ва ҳама чиз; ва кӯтоҳи сухан, сохту пардохти инсонӣ дар тирози мусалмониро дар ин арсаи илоҳии омӯзиш ва парвариш, метавонед барои хеш тадорук бибинед ва худи ороста ба ин зеварҳо ва баҳраёфта аз ин захираҳоро барои кишвари хеш ва миллати хеш, ва дар ниҳоят барои уммати исломӣ, савғот баред.


Уммати исломӣ имрӯз беш аз ҳар чиз ба инсонҳое ниёз дорад, ки андеша ва амалро дар канори имон ва сафо ва ихлос, ва муқовимат дар баробари душманони кинаварзро дар канори худсозии маънавӣ ва руҳӣ фароҳам созанд. Ин ягона роҳи наҷоти ҷомеаи бузурги мусалмонон аз гирифториҳое аст, ки ё ошкоро ба дасти душман ва ё бо сустии азму имону басират, аз замонҳои дур дар онҳо фурӯ уфтодааст.


Бе шак даврони кунунӣ, даврони бедории исломӣ ва ҳувиятёбии мусалмонон аст; ин ҳақиқатро аз хилоли чолишҳое, ки кишварҳои мусалмон бо он рӯбарӯ шудаанд низ ба рӯшанӣ метавон дарёфт.


Дуруст дар ҳамин шароит аст, ки азму иродаи муттакӣ ба имону таваккулу басират ва тадбир, метавонад миллатҳои мусалмонро дар ин чолишҳо ба пирӯзӣ бирасонад ва иззату кароматро дар сарнавишти онон рақам занад. Ҷабҳаи муқобил, ки бедорӣ ва иззати мусалмононро барнаметобад, бо ҳамаи тавон ба майдон омада ва аз ҳамаи абзорҳои амниятӣ, равонӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва таблиғотӣ барои инфиъол ва саркӯби мусалмонон ва ба худ машғул сохтани онон баҳра мегирад.


Нигоҳе ба вазъияти кишварҳои ғарби Осиё вз Покистон ва Афғонистон то Сурия ва Ироқ ва Фаластин ва кишварҳои Халиҷи Форс ва низ кишварҳои шимоли Офриқо аз Либӣ ва Мисру Тунис то Судон ва бархе кишварҳои дигар, ҳақоиқи бисёреро рӯшан месозад. Ҷангҳои дохилӣ, асабиятҳои кӯри динӣ ва мазҳабӣ; бесуботиҳои сиёсӣ; ривоҷи теруризми қасоватангез; зуҳури гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои ифротгаро, ки ба шеваи ақвоми ваҳшии торих синаи инсонҳоро мешикофанд ва қалби ононро бо дандон медаранд; мусаллаҳоне, ки кӯдакон ва занонро мекушанд ва мардонро сар мебуранд ва ба номусҳо таҷовуз мекунанд ва ҳатто дар мавориде ин ҷиноёти шармовар ва мушмаизкунандаро ба ному зери парчами дин муртакиб мешаванд, ҳама ва ҳама маҳсули нақшаи шайтонӣ ва истикбории сервисҳои амниятии бегонагон ва авомили ҳукуматии ҳамдасти онон дар минтақа аст, ки дар заминаҳои омодаи дохилии кишварҳо имкони вуқӯъ меёбад ва рӯзи миллатҳоро сиёҳ ва коми ононро талх мекунанд.


Яқинан дар чунин авзоъу аҳволе наметавон интизор дошт, ки кишварҳои мусалмон, халаъҳои моддӣ ва маънавии худро тармим кунанд ва ба амният ва рифоҳу пешрафти илмӣ ва иқтидори байналмилалӣ, ки баракоти бедорӣ ва ҳуввиятёбӣ аст, даст ёбанд. Ин авзоъи меҳнатбор, метавонад бедории исломиро ақим ва омодагиҳои руҳии падид омада дар дунёи исломро зойеъ созад ва бори дигар, солҳои дароз, миллатҳои мусалмонро ба рукуд ва инзиво ва инҳитот бикашонад ва масоили асосӣ ва муҳимми онон ҳамчун наҷоти Фаластин ва наҷоти миллатҳои мусалмон аз дастандозии Омрико ва саҳюнизмро ба дасти фаромӯшӣ бисупорад.


Илоҷи бунёнӣ ва асосиро метавон дар ду ҷумлаи калидӣ хулоса кард, ки ҳар ду аз боризтарин дарсҳои ҳаҷ аст:


1. Аввал: иттиҳоду бародарии мусалмонон дар зери ливои тавҳид.


2. Дуввум: шинохти душман ва муқобила бо нақшаҳо ва шеваҳои ӯ.


Тақвияти руҳи ухувват ва ҳамдилӣ дарси бузурги ҳаҷ аст. Дар инҷо ҳатто ҷидолу дуруштгӯӣ бо дигарон мамнуъ аст. Пӯшиши яксону аъмоли яксон ва ҳаракоти яксон ва меҳрубон дар инҷо ба маънии баробарӣ ва бародарии ҳамаи он касоне аст, ки ба ин конуни тавҳид мӯътақид ва дилбастаанд. Ин посухи сареҳи ислом ба ҳар он фикру ақида ва даъвате аст, ки гурӯҳе аз мусалмонон ва мӯътақидон ба Каъба ва Тавҳидро аз доираи ислом берун бидонад.


Аносури такфирӣ, ки имрӯз бозичаи саҳюнистҳои ғаддор ва ҳомиёни ғарбии онон шуда ва даст ба ҷиноятҳои саҳмгин мезананд ва хуни мусалмон ва бегуноҳонро мерезанд ва касоне аз муддаиёни диндорӣ ва мулаббасин ба либоси руҳоният, ки дар оташи ихтилофоти шиъа ва суннӣ ва амсоли он медаманд, бидонанд, ки нафси маросими ҳаҷ, ботилкунандаи муддаои онон аст.


Инҷониб ҳамчун бисёре аз уламои ислом ва дилсӯзони уммати исломӣ, бори дигар эълом мекунам, ки ҳар гуфта ва амале, ки мӯҷиби барафрӯхтани оташи ихтилофот миёни мусалмонон шавад ва низ иҳонат ба муқаддасоти ҳар як аз гурӯҳҳои мусалмон ё такфири яке аз мазоҳиби исломӣ, хидмат ба урдугоҳи куфру ширку хиёнат ба ислом, ва ҳароми шаръӣ аст.


Шинохти душман ва шеваҳои ӯ низ дуввумин рукн аст. Аввалан вуҷуди душмани кинатӯзро набояд ба дасти ғафлат ва фаромӯшӣ супурд ва маросими чанд бораи рамйи ҷамарот дар ҳаҷ, нишонаи намодини ин ҳузури зеҳни ҳамешагӣ аст. Сониян дар шинохти душмани аслӣ, ки имрӯза ҳамон ҷабҳаи истикбори ҷаҳонӣ ва шабакаи ҷинояткори саҳюнизм аст, набояд дучори хато шуд, ва солисан шеваҳои ин душман анудро, ки тафриқаафканӣ миёни мусалмонон ва тарвиҷи фасоди сиёсӣ ва ахлоқӣ, ва таҳдид ва татмеъи нухбагон, ва фишори иқтисодӣ бар миллатҳо, ва эҷоди тардид дар боварҳои исломӣ аст, бояд ба хубӣ ташхис дод ва вобастагон ва аёдӣ дониста ва нодонистаи ононро аз ин роҳ шиноссоӣ кард.


Давлатҳои истикборӣ ва пешопеши онон Омрико, ба кӯмаки абзорҳои расонаии фарогир ва пешрафта, чеҳраи воқеии худро мепӯшонанд ва бо даъвои тарафдорӣ аз ҳуқуқи башар ва демукросӣ, рафторе худъаомез дар баробари афкори умумии миллатҳо дар пеш мегиранд. Онон дар ҳоле дам аз ҳуқуқи миллатҳо мезананд, ки миллатҳои мусалмон ҳар рӯз бештар аз гузашта, оташи фитнаҳои ононро бо ҷисму ҷони худ ламс мекунанд.


Як нигоҳ ба миллати мазлуми Фаластин, ки даҳҳо сол аст рӯзона захми ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнашро дарёфт мекунад; ё ба кишварҳои Афғонистон ва Покистон ва Ироқ, ки теруризми зоидаи сиёсатҳои истикбор ва аёдии минтақии онон, зиндагиро ба коми миллатҳои онон талх карда аст, ё ба Сурия, ки ба ҷурми пуштибонӣ аз ҷараёни муқовимати зидди саҳюнистӣ, омоҷи кинаи султагарони байналмилалӣ ва коргузорони минтақаии онон шуда ва ба ҷанги хунини дохилӣ гирифтор омада аст, ё ба Баҳрайн ё ба Миёнмор, ки ҳар як ба наҳве, мусалмони меҳнатзадаи мағфул ва душманонашон мавриди ҳимоят анд ё ба миллатҳои дигаре, ки аз сӯи Омрико ва муттаҳидонаш, пай дар пай ба таҳоҷуми низомӣ ва ё таҳрими иқтисодӣ ё харобкории амният таҳдид мешаванд, метавонад чеҳраи воқеъии ин сардамдорони низоми султаро ба ҳама нишон диҳад.


Нухбагони сиёсӣ ва фарҳангӣ ва динӣ дар ҳама ҷои ҷаҳони ислом бояд худро ба ифшои ин ҳақоиқ, мутаъаҳҳид бидонанд ин вазифаи ахлоқӣ ва динии ҳамаи мост. Кишварҳои шимоли Офриқо, ки мутаъассифона имрӯз дар маърази ихтилофоти амиқи дохилӣ қарор гирифтаанд беш аз ҳама бояд ба ин масъулияти азим, яъне шинохти душман ва шеваҳо ва тарфандҳояш, таваҷҷӯҳ кунанд. Идомаи ихтилофот миёни ҷараёнҳои миллӣ ва ғафлат аз хатари ҷанги хонагӣ дар ин кишварҳо, хатари бузурге аст, ки хасорати он барои уммати исломӣ ба ин зудиҳо ҷуброн нахоҳад шуд.


Мо албатта тардид надорем, ки миллатҳои бапохостаи он минтақа, ки бедории исломиро таҷассум бахшиданд ба изни Аллоҳ иҷоза нахоҳанд дод, ки ақрабаи замон ба ақиб баргардад ва даврони зимомдорони фосид ва вобаста ва диктутор такрор шавад, лекин ғафлат аз нақши қудратҳои истикборӣ дар фитнаангезӣ ва дахолати вайронгар, кори ононро душвор хоҳад кард ва даврони иззату амнияту рифоҳро солҳо ба ақиб хоҳад афканд. Мо ба тавоноии миллатҳо ва қудрате, ки Худованди ҳаким дар азму имону басирати тудаҳои мардум қарор дода аст, аз аъмоқи дил бовар дорем ва онро дар беш аз се даҳа дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба чашми худ дида ва бо ҳамаи вуҷуди худ озмудаем; ҳиммати мо, фарохони ҳамаи миллатҳои мусалмон ба ин таҷрибаи бародаронашон дар ин кишвари сарафроз ва хастагӣ нопазир аст.


Аз Худованди Мутаол салоҳи ҳоли мусалмонон ва дафъи кайди душмононро хосторам ва ҳаҷҷи мақбул ва саломати ҷисму ҷон ва захираи саршори маънавиро барои шумо ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳ Алҳаром масъалат мекунам.


Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ


Сайидалии Хоманаӣ