Ба гузориши манобеи хабарӣ, ин нусха пас аз мариммат ва баррасии вижагиҳои он мутааллиқ ба давраи Мамолик буда ва зимни нишон додани эҳтимоми ҳокимони ин давра ба улуми шарҳӣ ва таҷрибӣ, бархе аз шубаҳот ва ҷаълиёти таърихӣ дар мавриди ин давраро бартараф месозад.
Ба гуфтаи Маҳмуд Сайид, муовини идораи мариммати нусхаҳои хаттии китобхонаи Ал-Азҳар, дар сафҳаи аввали ин нусхаи хаттӣ навишта шудааст, ки ин мусҳаф дар соли 866 ҳ. қ китобат шуда ва аз сӯи «Шевакор Қадин» ҳамсари амир Иброҳими Кадхудо Амирулҳоҷ дар соли 1165 ҳ. қ вақфи туллоби улуми шаръии ривоқи «Арвам» аз мадориси муҳимми улуми динӣ дар он давра вақф шудааст.
Вай афзуд: ин нусхаи хаттӣ дар ганҷинаи нусхаҳои хаттии Ал-Азҳар боқӣ монд то ин, ки ин рӯзҳо дубора мариммат ва рӯнамоӣ шуд. Барои шиносоӣ навъи коғаз ва мураккабҳои ба кор рафта дар китобати ин нусха, фановариҳои мухталифе бакор рафта ва пас аз таҳлили натоиҷи баррасиҳо маълум шуд, ки коғази мавриди истифода дар ин нусха аз ҷинси коғазҳои мисрӣ аст, аз сӯе бо таҳлили рангҳои бакор рафта дар китобати ин мусҳаф мушаххас шуд, ки ранги сиёҳи мураккабҳо бо истифода аз Карбун, ранги қирмиз аз шингарф, ранги заррин аз мис ва ранги обӣ аз лоҷавард сохта шудааст.
Сайид хотирнишон кард: муҳиммтарин чизе, ки таҷзия ва таҳлили ин нусхаи хаттӣ нишон медиҳад ин аст, ки дар давраи мамолик аз унсури нибубим ба унвони нигаҳдорнда барои коғазҳо истифода мешудааст. Ин унсур сабаб мешуд, ки аз нусхаи хаттӣ дар баробари ҳашароти газанда ва авомили фарсоишӣ муҳофизат шавад.
Вай хотирнишон кард, ки нибубим як унсури камёб дар пӯстаи замин аст ва Аврупоиҳо дар соли 1801 мелодӣ дар Колумбия онро кашф карданд. Аммо пажӯҳиши ҳозир нишон медиҳад, ки ин унсур дар даврони Мамолик шинохта шуда буда ва беш аз 350 сол қабл аз иктишоф аз сӯи Аврупоиҳо, аз ин унсур дар Миср ба манзури ҳифозат аз нусхаҳои хаттӣ истифода мешудааст.
Маҷмӯаи нусахи хаттии мавҷуд дар китобхонаи Ал-Азҳар яке аз ғанитарин маҷмӯаҳои ҷаҳон аст, бисёре аз ин нусах шомили нусахи Қуръони Карим ва ҳамчунин осоре дар улуми шаръӣ ва дигар улум аст, баррасии дақиқи ин нусах бо абзорҳо ва фановариҳои навин, ҳақоиқи ҷадиди бисёреро дар заминаи давраҳои мухталифи таърихӣ дар Миср аз ҷумла даврони Мамолик ва Фотимёнро равшан месозад.