Ба гузориши хабаргузории Анатолия, бо интишори тасвире аз раъйдодани раҳбари Инқилоби Исломии Эрон навишт: раъйгирӣ дар интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ дар Эрон оғоз шуд.
Бар асоси гузориши ин расонаи туркӣ, раванди раъйгирии интихоботи давоздаҳумин давраи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи маҷлиси Хубрагони раҳбарии Эрон аз соати 8 субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд ва фароянди раъйгирӣ дар наздик ба 60 ҳазор шӯъбаи ахзи раъй дар саросари Эрони исломӣ то соати 19 аср идома хоҳад дошт.
Ал-Маёдин
Шабакаи «Ал-Маёдин»-и Лубнон низ бо пӯшиши зиндаи ахбории марбут ба интихобот дар Эрон, суханони ҳазрати оятуллоҳи Хоманаиро ҳангоми андохтани раъйи худ дар сандуқи интихоботро пахш кард.
Бар асоси гузориши ин расонаи лубнонӣ, оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон имрӯз ҷумъа аз миллати Эрон хост то дар корҳои нек аз ҳам пешӣ бигиранд ва фармуданд, ки дӯстон ва душманон ин интихоботро зери назар доранд ва умедворам, ки дӯстонро хушҳол ва душманонро ноумед кунем.
Ал-Манор
Шабакаи Ал-Манор вобаста ба ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон низ зимни пӯшиши телевизиони ахбор баргузории интихоботи давоздаҳумин давраи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ дар Эрон, тавзеҳотеро дар ин бора дар вебсайт ва ҳамчунин ҳисоби корбарии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кард.
Ал-Манор бо ишора ба сохтори маҷлиси Шӯрои исломӣ ва маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ дар Эрон, гузорише аз оғози раъйгирӣ дар саросари Эрон таҳия ва эълом кард, ки марокизи ахзи раъй дар Эрон аз имрӯз субҳ омодаи истиқбол аз раъйдиҳандагон ҳастанд.
Ал-Ҷазира
абака Ал-Ҷазираи Қатар низ, ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар пойи сандуқҳои раъйро ба сурати зинда пӯшиш дод ва ахбори баргузории интихоботро мухобира кард.
Ал-Ҷазира дар гузориши худ дар ин замина эълом, ки шӯаби ахзи раъй дар Эрон имрӯз ҷумъа дарҳои худро ба рӯи ширкаткунандагон дар интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ боз карданд. Беш аз 61 миллион дар ҳудуди 60 ҳазор шӯъбаи раъй метавонанд барои интихоби аъзои маҷлиси Шӯрои исломӣ ва маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ пойи сандуқҳои раъй бираванд.
Русия Ал-Явм
Шабакаи Русия Ал-Явм низ бо интишори ахбори марбут ба баргузории интихоботи давоздаҳумин давраи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ дар Эрон, эълом кард, ки ин интихобот аз субҳи имрӯз ҷумъа оғоз шуд ва беш аз 61 миллион нафар воҷиди шароити раъй дар ин давра ҳастанд.
Шабакаи Ал-Аҳди Ироқ
Шабакаи Ал-Аҳди Ироқ низ бо бозтоби хабарии интихобот, ба суханони раҳбари муаззами инқилоб ишора ва эълом кард, ки ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ субҳи имрӯз ҷумъа дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (рҳ) пас аз онки раъйи худро ба сандуқ андохтанд, дар суханоне фармуданд: Ман ба мардуми азизамон тавсия мекунам, ки дар хубиҳо аз ҳам пешӣ бигиред ва Қуръон ба мо фармудааст «فَاسْتَبِقُوا الْخَيْرَاتِ». Ман ҳамчунин тавсия мекунам, ки дар ҳар ҳавзае ба теъдоди лозими он ҳавза раъй бидиҳед ва на камтар ва на бештар.
Ад-Диёр
Рӯзномаи Ад-Диёри Лубнон низ аз дигар расонаҳои арабӣ буд, ки ба бозтоби интихоботи кишвари Эрон пардохта ва навишт, ки марокизи раъйгирӣ дар Эрон дар давоздаҳумин давраи интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давра интихоботи маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ аз субҳи имрӯз ҷумъа ба рӯи раъйдиҳандагон боз шуд.
Хабаргузории расмии Ироқ
Хабаргузории расмии Ироқ низ дар бозтоби интихоботи Эрон эълом кард, ки аз субҳи имрӯз ҷумъа раъйдиҳанагони Эрон дар давоздаҳумин давраи интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ пойи сандуқҳои раъй мераванд.
Арабӣ 21
Вебсайти Арабӣ 21 низ дар ин замина гузориш дод, ки марокизи ахзи раъйи Эрон аз субҳи имрӯз ҷумъа дарҳои худро ба рӯи раъйдиҳандагон дар давоздаҳумин давраи интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ боз кардаанд.
Хабаргузори расмии Кувайт
Хабаргузории расмии Кувайт низ дар ин росто эълом кард, ки раъйгирӣ барои давоздаҳумин давраи интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар Эрон аз субҳи ҷумъа дар 60 ҳазор маркази раъйгирӣ оғоз шудааст.
Пойгоҳи Ал-Аҳди Лубнон
Пойгоҳи хабарии Ал-Аҳди Лубнон низ дар ин замина навишт: давоздаҳумин давраи интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи интихоботи маҷлиси Хубрагони раҳбарии Эрон аз субҳи имрӯз ҷумъа дар устонҳои мухталифи ин кишвар оғоз шуд.
Хабаргузории расмии Сурия
Хабаргузории расмии Сурия (САНО) низ аз дигар расонаҳои арабӣ буд, ки хабари интихоботи Ҷумҳурии Исломии Эронро бозтоб дода ва эълом кард, ки беш аз 61 миллион эронӣ метавонанд дар ин давра аз интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ ширкат кунанд ва марокизи ахзи раъй аз субҳи имрӯз дарҳои худро ба рӯи раъй диҳандагон боз кардаанд.