IQNA

Дар рӯзи чаҳоруми мусобиқоти Қуръони ҷоизаи Дубай рух дод

Дурахшиши навҷавони ҳофизи эронӣ дар ҷоизаи Дубай 

21:59 - March 18, 2024
рақами хабар: 1234
ИКНА - Дар чаҳорумин рӯзи баргузории бисту ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Дубай, «Амирҳодии Бойромӣ», навҷавони равшандили эронӣ хуш дурахшид ва тавонист таҳсини ҳайати доварони ин давраи рақобатҳоро барангезад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Амирҳодии Бойромӣ, навҷавони 13 солаи нобинои эронӣ аст, ки бо вуҷуди инки дар талаффузи махориҷи бархе аз ҳуруф тавоноии кофӣ надорад, тавонист дар рӯзи чаҳоруми мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Дубай тиловати бенақсеро аз худ баҷой гузорад.

Дар ҳамин рӯзи мусобиқот шоҳиди падидаи аҷибе будем. «Муҳаммадқосими Муҳаммадӣ» мутасобиқи 15 солаи афғонистонӣ дар чаҳор саволи ибтидои мусобиқа танҳо як иштибоҳ дошт, аммо дар саволи панҷум ва охир, иштибоҳоти зиёде дошт, ки ӯро аз конуни таваҷҷуҳи доварон ва мухотабон дӯр кард. Ҳамин амр мӯҷиби тааҷҷуби ширкаткунандагон ва мутахассисони қуръонӣ қарор гирифт зеро саволи поёнӣ содатарин савол дар миёни 5 саволи матраҳ шуда барои мутасобиқин буд.

Рӯзи чаҳоруми мусобиқот шоҳиди ҳузури густурдаи мардум, аъзои кумитаи баргузорӣ, масъулон ва ҳомиёни молии мусобиқа ва волидайни ширкаткунандагон буд, ки дар салони театри фарҳанг ва улуми Дубай баргузор шуд.

Дар ин рӯз, Имод Аблаҳӣ аз Белгия, Амирҳодии Бойромӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Фуфоно Момоду аз Гобун, Амор ибни Солим Ал-Ҳошмӣ аз Уммон, Унс Роимӣ аз Бенин, Муҳаммад Қосими Муҳаммадӣ аз Афғонистон ва Зовмин Зин аз Миёнмор дар риштаи ҳифзи Қуръон ба ривояти Ҳафс аз Осим рақобат карданд.

Ин мусобиқот бо пахши рақобатҳои ширкаткунандагон дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ, фурсати арзишмандеро барои мухотабони дохил ва хориҷии Аморот фароҳам мекунад.

Дар поёни рақобатҳои рӯз чаҳорум, кумитаи баргузории мусобиқоти ҷавоиз ва ҳадоёи нақдӣ ва ғайри нақдии худро ба ширкаткунандагон эҳдо кард.

https://iqna.ir/fa/news/4206159

captcha