IQNA

Ин 5 кишвари аврупоӣ Фаластинро ба расмият хоҳанд шинохт 

8:49 - May 12, 2024
рақами хабар: 1484
ИКНА - Бар асоси гузоришҳои расонаӣ, бархе кишварҳо дар Иттиҳодияи Аврупо масъалаи ба расмият шинохтани кишвари Фаластин дар таърихи 21 моҳи маро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

 

Ба гузориши хабаргузории Ал-Олам, шабакаи радиоӣ ва телевизионии Ирландия (RTE) рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки Ирландия, Испания, Словения ва Малта саргарми тамосҳои густурда барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин ҳастанд.

Ин шабака ҳамчунин эълом кард, ки бархе кишварҳо дар Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла Ирландия ва Испания дар таърихи 21 моҳи май Фаластинро ба расмият хоҳанд шинохт.

Коршиносон ин иқдомро таҳаввуле дар мавзеъи Аврупо нисбат ба Фаластин медонанд.

Ирландия, Словения, Малта ва Норвегия аз ибтикори амал барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин, ки аз сӯи Испания раҳбарӣ мешавад, ҳимоят мекунанд.

Кишвари Фаластин дар ҳоли ҳозир аз сӯи 8 узви Иттиҳодияи Аврупо, яъне Булғория, Полша, Чек, Руминия, Словакия, Венгрия, Қебрис ва Шветсия ба расмият шинохта шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4214758/

captcha