Ба гузориши манобеи хабарӣ, маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид пеш нависи қатъномаеро барои эъломи 11 июл ба унвони рӯзи ёдбуди наслкушии Сребренитса тасвиб кард.
Ҷаласаи раъйгирӣ бо як дақиқа сукут барои Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури шаҳиди кишвари Эрон ва мақомоти ҳамроҳаш оғоз шуд.
Пешнависи қатъномаи ироа шуда аз сӯи Олмон ва Руанда, бо 84 раъйи оре пазируфта шуд.
Ин лоиҳа 68 раъйи мумтанеъ ва 19 раъйи мухолиф дарёфт кард.
Ёдовар мешавад, неруҳои Серб ба фармондеҳии Ратко Младич, дар 11 июл 1995 мелодӣ пас аз инки Созмони Милали Муттаҳид минтақаи Боснияро минтақаи амн эълом карда буд, вориди Сребренитса шуда ва даст ба куштори дастаҷамъии мардуми ин шаҳр заданд.
Неруҳои Серб тайи чанд рӯз, беш аз 8 ҳазор боснияӣ 7 то 70 соларо ба қатл расонданд.