Ба гузориши Ал-Халиҷ, дувумин рӯз аз ҳабдаҳумин давраи мусобиқоти қуръонии шайх Рошид Оли Мактум вижаи зеботарин тартил бо ҳузури 10 ширкаткунандаи навҷавон дар минтақаи Дубай ва бо ҳузури теъдоде аз аъзои кумитаи баргузорӣ, ҳайати доварон ва хонаводаҳои мутасобиқон баргузор шуд.
Ориян Алӣ Тоҷуддини аз Эрон ва ширкаткунандгоне аз Бангладеш, Иморот, Ҳинд, Марокаш, Эфиопия ва Ғано дар ин бахш ба тиловат дар баробари кумитаи доварон пардохтанд.
Абдулазиз Ал-Ҳасанӣ яке аз аъзои кумитаи доварон, аз сатҳи болои мусобиқот, савти зебо ва тавоноии ширкаткунандагон дар аҳкоми таҷвид ибрози хурсандӣ кард.
Вай тасреҳ кард: ман беш аз даҳ бор дар мусобиқоти мухталиф аз ҷумла мусобиқоти шайха Фотима ва дигар давриҳои шайх Рошид Оли Мактум довар будаам, аммо ин мусобиқот дар заминаи қироат, лаҳн ва тасаллут бар аҳкоми таҷвид бисёр мумтоз будааст. Ба гуфтаи Ал-Ҳасанӣ баргузидагони ин мусобиқот баъдҳо дар вазоифи чун муаззин, қорӣ ва аиммаи ҷамоат ба мардум хидмат хоҳанд кард.
https://iqna.ir/00HhTF