Ба гузориши манобеи хабарӣ, тавлияти кулли Масҷидуннабӣ ва Масҷидулҳаром, аз ҳузури беш аз ҳудуди 7 миллион ва 800 ҳазор намозгузор ва зоир дар Масҷидуннабӣ дар як ҳафтаи гузашта хабар дод.
Тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ бо интишори гузорише аз ҳузури намозгузорон ва зоирон дар Масҷидуннабӣ эълом кард, ки тайи ҳафтаи гузашта 550960 нафар аз зоирон, ифтихори ҳузур дар Масҷидуннабиро доштанд ва беш аз 304519 зоири зан ва мард дар равзаи шариф ба иқомаи намоз пардохтанд.
Илова бар ин 13436 солманд ва афроди дорои маълулият дар ҳафтаи гузашта аз хадамоти тахсис ёфта ба онҳо баҳраманд шуданд. Ҳамчунин теъдоди баҳрабардорони хадамоти иртиботӣ ба чанд забон болиғ бар 303869 зоир аз миллитҳои мухталиф буда ва ҳамчунин ба 177549 зоири зан ва мард низ ҳадоёе тақдим шудааст.
Ба гуфтаи тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ дар як ҳафтаи гузашта беш аз 316 ҳазор ва 117 зоир ва намозгузор аз хадамоти роҳнамоии майдонӣ ва 69 ҳазор ва 221 нафар зоир аз хадамоти ҳамлунақл дар масҷид истифода кардаанд. Илова бар ин беш аз 136 ҳазор ва 800 ҳазор бутрии оби замзам ва 216 ҳазор ва 52 ваъдаи ғизоӣ дар Масҷидуннабӣ тавзеъ шудааст.
https://iqna.ir/00HhjH