Ба гузориши манобеи хабарӣ, нашрияи амрикоии «Нейшен» бо интишори гузорише навишт, ки ҳиҷоби занони мусулмон дар саросари Амрико тавассути полиси амрикоӣ мавриди беэҳтиромӣ қарор гирифтааст.
Дар ин гузориш омадааст: донишҷӯёни донишгоҳи Иёлти Огайо бо роҳандозии кампайне аз донишгоҳ хоста буданд, ки сармоягузории худро дар ширкатҳои ҳомии режими Исроил мутаваққиф кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки полиси Сумая Ҳамдон аз донишҷӯён ин донишгоҳро ба рағми инки дар таҷаммӯъи мӯътаризон ҳузур надошта, дастгир ва ба зиндон Франклин Конти мунтақил кард ва дар онҷо мавриди бозрсӣ қарор дод ва аз ӯ хост то ҳиҷоби худро бардорад.
Ин гузориш меафзояд: алорағми дархостҳои мукаррари ӯ барои бозгардондани ҳиҷоб, ба хостаҳои ӯ таваҷҷуҳе нашуд ва ӯ ба муддати 12 соат аз пӯшондани сар маҳрум шуд.
Ӯ, ки аз пероҳани худ барои пӯшондани сари худ истифода карда буд дар ин хусус мегӯяд: ман медонистам, ки системи мо хароб аст, аммо то замоне, ки онро имтиҳон накарда будам мутаваҷҷеҳ нашудам.
Дар бахши дигаре аз ин гузориш омадааст: Ҳамдон танҳо касе нест, ки озодии мазҳабии ӯ нақз шудааст. Чандин мавриди тааддӣ ба занони мӯҳаҷҷаба тавассути полиси Амрико ҳангоми ширкат дар тазоҳуроти ҳомии Фаластин сабт шудааст. Ҳамаи ин тахаллуфот дар донишгоҳҳо аз ҷумла донишгоҳи Иёлати Аризона, Колумбия, Депал ва Огайо рух додааст.
Нашрияи Нейшен дар гузориши худ меафзояд: афзоиши ҳаводис алайҳи занони мусулмони ширкаткунанда дар тазоҳуроти ҳомии Фаластин, костиҳои системи ҷиноии Амрикоро ошкор мекунад. Ҳиҷоб намоди дин аст ва занон аз он барои пӯшондани бадани худ истифода мекунанд. Салби ин ихтиёр аз занони мусулмон тавҳин ба онон аст.
https://iqna.ir/00HifR