Дувумин мабнои имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) барои қиёми алайҳи Язид, ки он ҳазрат дар номаи маъруфи худ ба бародарашон Муҳаммади Ҳанафия ба он ишора кардаанд, «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» аст. Бинобар гуфтаи бархе аҳодис, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар дарёе аст, ки соири аъмоли нек дар баробараш чун қатрае беш нест.
Қуръони Карим борҳо аз амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ба унвони вазифаи ҳамаи муъминон ёд кардааст ва онро дар канори иқомаи намоз ва пардохти закот, аз вазоифи афроди ҷомеаи имонӣ донистааст. Барои намуна Қуръони Карим дар сураи Тавба мефармояд: وَ الْمُؤْمِنُونَ وَ الْمُؤْمِناتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِیاءُ بَعْضٍ یَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَ یَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْکَرِ وَ یُقِیمُونَ الصَّلاهَ وَ یُؤْتُونَ الزَّکاهَ وَ یُطِیعُونَ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ أُولئِکَ سَیَرْحَمُهُمُ اللَّهُ إِنَّ اللَّهَ عَزِیزٌ حَکِیم; "Мардон ва занони бо имон валӣ (ва ёвари) якдигаранд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд ва намозро бар по медоранд ва закотро мепардозанд ва Худо ва Расулшаро итоат менамоянд, Худованд ба зудӣ онҳоро мавриди раҳмати хеш қарор медиҳад Худованд тавоно ва ҳаким аст". (Тавба/71).
Бар тибқи ин ояти шарифа, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар аз он ҷиҳат аст, ки миёни муъминон дар ҷомеа, як робитаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Муъминон «Валии» якдигар ҳастанд ва ин яъне бояд якдигарро дар умури мухталиф ёрӣ кунанд. Ҳам якдигарро ба корҳои нек амр карда ва ҳам якдигарро аз бадиҳо боздоранд. Аз ин ҷиҳат, муъминон дилсӯзи ҳамдигар ҳастанд ва ба ҳеҷ рӯй аз амр ва наҳй кардани бародари имонии худ нороҳат намешванд.
Бо ин ҳол, онгоҳ, ки ҳокими ҷомеа фарди фосиқ ва золим монанди Язид ибни Муовия бошад, ӯ монеъ аз он мешавад то ҷомеаи имонӣ шакл бигирад ва дӯстӣ ва бародарӣ миёни муъминон барқарор шавад. Ӯ бо тафриқа миёни гурӯҳҳо ва тавоифи мухталифи ҷомеа ва азият ва озори муъминони воқеӣ чун имом Ҳусайн (Алайҳиссалом), талош мекунад ҷомеаро дар тасаллути худ дар оварад. Инҷост, ки шахсе монанди Ҳусайн ибни Алӣ (Алайҳиссалом) вазифаи худ медонад, ки алайҳи ҳокими фосид монанди Язид қиём кунад ва бо канор задани ӯ аз қудрат, роҳро барои таҳаққуқи ҷомеаи имонӣ ва дӯстӣ ва бародарӣ миёни муъминон фароҳам кунад. Аз ин ҷиҳат, бузургтарин амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, қиём дар баробар ҳокими золим аст.