Ба гузориши манобеи хабарӣ, шииёни азодор дар Афғонистон ба Толибон ҳушдор додаанд бо маҳдудиятҳои ҷадид барои маросими Муҳаррам, сабри мардумро беш аз ин озмоиш накунанд.
Азодорон мегӯяанд, ки Толибон маҳдудиятҳои шадидеро бар маросими оинии онҳо эъмол карда ва дар бархе маворид ба парчамҳои Ошуро беэҳтиромӣ кардаанд.
Ба гуфтаи ин азодорон, маросими барафроштани алам дар рӯзи ҳафтуми Муҳаррам ба далели маҳдудиятҳо дар фазои дохилии масоҷид маҳдуд шуд.
Дар Ҳарот, сокинони он ҷумъа шаб дар эътироз ба эъмоли ин маҳдудиятҳо аз сӯи Толибон тазоҳурот карданд. Шаҳрвандони шиа маросими барафроштани аламро дар дохили масҷид баргузор карданд, ки шомили дуо ва синазанӣ буд.
Даҳҳо нафар аз мардуми Ҳарот ҷумъа шаб дар эътироз ба ин маҳдудиятҳо ба хиёбонҳо рехтанд. Видеоҳои ирсолӣ ба шабакаҳои маҷозӣ нишон медиҳад, ки мӯътаризон парчамҳои Муҳаррамро ҳамл мекунанд ва монеи бардоштани он тавассути Толибон мешаванд. Ин филм мӯътаризонро дар ҳоли дучархасаворӣ ва роҳ рафтан ба тасвир мекашд дар ҳоле, ки хаши худро нисбат ба маҳдудиятҳои Толибон дар маросими Муҳаррам иброз мекунанд.
Рӯзи ҷумъа, раиси идораи иттилоот ва фарҳанги Толибон дар Ҳарот, наҳваи баргузории маросими Ошуроро як бидъати сиёсӣ ва хориҷӣ тавсиф кард. Вай афзуд: мо бояд аз бидъате, ки аз ҷанбаҳои сиёсӣ сарчашма мегирад, парҳез кунем. Вай муддаӣ шуд: ин шеваи баргузории Ошуро дар Ислом вуҷуд надорад. Мо бояд аз бидъати хориҷӣ ҷилавгирӣ кунем.
Шаҳрвандон аз рафтори Толибон бо азодорони Муҳаррам интиқод карданд ва аз режими Толибон хостанд, ки аз мудохила дар умури мазҳабӣ худдорӣ кунад.
Ин амал нишон медиҳад, ки Толибон азодорони Муҳаррамро аз баргузории маросим дар анзори умумӣ манъ, истифода аз парчамҳои азо дар маконҳои умумиро мамнуъ ва маконҳои баргузории маросимро маҳдуд кардаанд. Толибон парчамҳои азодориро аз хонаҳо ва амокуни умумӣ бардоштаанд. Яке аз азодорони Муҳаррам гуфт: ин як беэҳтиромии амиқ ба ҷомеаи шиа ва мардуми Афғонистон аст. Яке дигар аз шаҳрвандони шиа ҳушдор дод: Толибон набояд бо эъмоли маҳдудиятҳои қобили таваҷҷуҳ бар ҷомеаи шиа, сабри мардумро беш аз ин озмоиш кунанд.