Ба гузориши ИКНА, "Икер Складинок" дар ташарруф ба ҳарами имом Ҳусайн (а) дар бораи ёфтаҳои худ аз дини Ислом гуфт: замоне, ки ба зиёрати имом Ҳусайн (а) мушарраф шудам чизеро дар даруни худ ёфтам, ки маро ба вуруд ба дини Ислом тарғиб кард ва маро водошт, ки бидонам имом Ҳусайн (а) кист, ҷанге, ки алайҳи имом Ҳусайн (а) барпо шуд чӣ ҷанге буд, хонаводаи ӯ чӣ касоне буданд ва он кӯдаки ширхор кист ва мусибатҳое, ки дар ҳини ҷанг бар онҳо гузашт чӣ будааст.
Шарҳи дилдодагии ин тозамусулмони украиниро дар идома мехонед:
Вақте ба Ироқ омадам Исломи воқеиро дар инҷо ёфтам, ки бо исломҳои дигар тафовут дорад, дар замоне, ки дар инҷо ба атаботи муқаддасаи Ҳусайнӣ ва Аббосӣ ва соири мурақадҳои мутаҳҳар мушарраф шудам, тафовути бузурге мушоҳида кардам, инсон воқеиро дар инҷо ёфтам, ки аз тариқи мушоҳидотам ба қалби ман ворид шуд. Ҳамчунин бо иттилооте, ки дар замони ҳузурам дар инҷо ба он даст ёфтам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки Ироқ ба воситаи улуми Аҳли байт Алайҳимассалом маркази Ислом аст.
Ман бо вуҷуди иттилооти андак, мутаваҷҷеҳ шудам, ки Ислом аз тариқи ин зиёратгоҳҳои мазҳабӣ ҷаҳонӣ шудааст ва ҳамчунин фаҳмидам, ки қалби поки мардум инҷо бо соири мардуме, ки дар Украина ҳастанд тафовут дорад ва ҳамин масъала маро тарғиб кард, ки ба дини Ислом ва муҳаббати Аҳли байт (Алайҳимассалом) рӯй оварам.
Замоне, ки ба зиёрати имом Ҳусайн (а) мушарраф шудам чизеро дар даруни худ ёфтам, ки маро ба вуруд ба дини Ислом тарғиб кард ва маро водошт, ки бидонам имом Ҳусайн (а) кист, ҷанге, ки алайҳи имом Ҳусайн (а) барпо шуд чӣ ҷанге буд, хонаводаи ӯ чӣ касоне буданд ва он кӯдаки ширхор кист ва мусибатҳое, ки дар ҳини ҷанг бар онҳо гузашт чӣ будааст.
Орзӯ кардам, ки ҳамаи ончиро дар бораи имом Ҳусайн (а) вуҷуд дорад битавонам дарёбам вале ман тозамусулмон будам ва чизе аз воқеаи Ошуро, ки чигуна иттифоқ афтодааст намедонистам. Бинобар ин иншоаллоҳ дар оянда ҳама чизро дар бораи имом Ҳусайн (а) ба шакли равшан ва ошкор хоҳам фаҳмид.
Мо акнун аз ҷанг дар Украина ранҷ мебарем. Чиқдр орзӯ мекардам, ки онҷо ҳам фарди қудратманд ва бо азамат шабеҳи имом Ҳусайн (а) вуҷуд дошт то мардум бо ҳақиқат ва дини воқеӣ ошно шаванд, аммо шахсияте надорем, ки барои мо масири ҳақиқиро табйин кунад. Аз ин рӯ заъфи ошкоре дар онҷо мушоҳида мекунем. Дар онҷо ҷанге шабеҳи ҷанге, ки алайҳи имом Ҳусайн (а) рух дод, иттифоқ науфтода, аммо онҷо касоне ҳастанд, ки нисбат ба дин ҷоҳил ҳастанд.
Мо украиниҳо дар як кишвари масеҳи зиндагӣ мекунем ва дилҳоямон пок аст ва кинае надорем. Ман бо Исломи саҳеҳ ва Исломи шиъӣ ошно шудам ва Аҳли байт Алайҳимасаломро аз наздикони Расули Худо (с) шинохтам. Ин номе, ки онҳо ба он номида мешаванд номи ҳушмандонае аст чаро, ки онҳо дини Исломро муҳофизат кардаанд.
Ман дар мавриди ҳазрати Исо (а) медонам, ки кушта нашуда ва Худованди Мутаол ӯро назди худ бурда ё касеро шабеҳи ӯ қарор додааст ва мо медонем, ки масеҳият наздиктарин дин ба Ислом нисбат ба соири адён аст; Ҳамчунин медонем, ки марде дар охируззамон зуҳур мекунад, аммо намедонам, ки он мард кист ва аз чӣ касе пайравӣ мекунад ё ин шахс ба куҷо боз мегардад.
Аммо дар дини масеҳият андешае вуҷуд дорад, ки мегӯяд шахсе ҳаст, ки дар поёни ҷаҳон зуҳур мекунад ва ҷаҳонро наҷот медиҳад, бар он ҳукумат ва ҳаққро аз ботил ҷудо мекунад.
Ҳамонтавр, ки медонед, дар кишвари мо бисёре аз мардум шароб менӯшанд ва онҷо иршодоти мазҳабӣ вуҷуд надорад, аммо ман дар ҳини ҳузурам дар атаботи муқаддаса ва вақте ба дини Ислом гаравидам ин мардро шинохтам ва донистам, ки ин шахс чӣ касе аст. Ӯ имом Маҳдӣ (а) ва аз хонадони Аҳли байт Алайҳимассалом аст.