Ба гузориши манобеи хабарӣ, маҷмаъи Қуръони Карими Шарҷа, ҳафтаи гузашта коргоҳеро ба муддати як ҳафта бо мавзеи мариммати нусхаҳои хаттии Қуръони Карим баргузор кард.
Ин коргоҳ ба унвони бахше аз барномаҳои тобистонии маҷмаъи Қуръони Карими Шарҷа ва дар чорчуби нақши ин марказ дар посдошти мероси улуми қуръонӣ ва осори илмии ҷаҳони Ислом ва муаррифии он ба ҷомеаи пажӯҳишӣ аст.
Ин коргоҳ, ки тавассути коршиноси мариммати нусахи хаттӣ, Аҳмад Юсуф раҳбарӣ мешуд, шоҳиди ҳузури густурдаи алоқамандон аз синини мухталиф буд ва ширкаткунандагон дар ин коргоҳ муқаддамоти муроқибат аз нусахи хаттӣ ва асноди таърихӣ, ҳифз ва нигаҳдории ин нусах ва ҳамчунин шеваи рафтор бо ин аснод ба манзури нигаҳдории тӯлонимуддати онҳоро омӯхтанд.
Абдуллоҳ Халаф Ал-Ҳаснӣ, дабири кулли маҷмаъи Қуръони Карими Шарҷа таъкид кард: ин нусахи хаттӣ ганҷинаи бостонии арзишманде аст, ки ба боздидкунндагон ва пажӯҳишгарони донишгоҳӣ имкон мушоҳидаи онҳо ва ошноӣ бо таърих, улум ва китобати Қуръони Каримро медиҳад.
Вай афзуд: ин нусахи хаттӣ шомили нусхаҳои камёб аст, ки аз арзиши таърихӣ болое бархурдор аст. Ба гуфтаи Абдуллоҳ Халаф Ал-Ҳаснӣ, маҷмаъи Қуръони Карим мизбонии теъдоди зиёде аз нусахи хаттии камёб аст, ки нигаҳдорӣ аз онҳо бо риояти меъёрҳои илмӣ, диққат ва таваҷҷуҳи зиёде сурат мегирад.
Маҷмаъи Қуръони Карими Шарҷа дар ҳоли ҳозир шомили маҷмӯае аз Қуръонҳои таърихӣ, Қуръонҳои китобатшудаи рӯи пӯст ва дигар осори қуръонии нодир аст, ки қидмати бархе аз онҳо 1300 сол буда ва давраҳои мухталифи замонӣ аз қарни дувуми ҳиҷрӣ то даврони муосирро шомил мешаванд.