IQNA

Ошноӣ бо Паёмбарони илоҳӣ 

21:07 - July 24, 2024
рақами хабар: 1870
ИКНА - Ҳазрати Одам нахустин Паёмбари илоҳӣ ва падари башар аст, ки Қуръон 25 бор аз ӯ ёд карда ва достони хилқат ва зиндагонии вайро боз гуфтааст.

Ҳазрати Одам нахустин Паёмбари илоҳӣ ва падари башар аст, ки Қуръон 25 бор аз ӯ ёд карда ва достони хилқат ва зиндагонии вайро боз гуфтааст. Ҳазрати Одам (а) ба алқобе чун Абулбашар, Халифаи Аллоҳ, Сафиюллоҳ, Абулваро, Абумуҳаммад ва Муаллимул-Асмоъ хонда шудааст. Номи ҳамсари Одам ба сурати сареҳ дар Қуръон наомада вале дар тафосир ва ривояот ӯро «Ҳаво» номидаанд; Чун аз мавҷуди зинда ва ҳай халқ шудааст. Бархе мӯътақиданд, ки Худованд Ҳаворо аз ҷинси одам ё аз боқӣ мондаи геле, ки Одамро аз он падид овард, офарид то бо ӯ унс бигирад. Қуръон дар ин бора мефармояд: خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا Ҳама шуморо аз як инсон офарид; Ва ҳамсари ӯро аз ҷинси ӯ халқ кард...... (Нисоъ/1).

Бинобар ривояоте ҳазрати Ҳаво дар бист бор чиҳил фарзанд ба дунё овард. Ҳар бор як писар ва як духтар. Фарзандони аввал «Қобил» ва «Ақлиҳо» ва фарзандони дувум «Ҳобил» ва «Лузо» буданд. Парвардгор насли Одамро бо баракат ва шумори ононро фаровон кард ва ба ӯ умри тӯлонӣ дод. Одам, Ҳобилро ҷонишини худ кард ва ин амр сабаби кинатузӣ ва ҳасадварзии Қобил шуд. Дар натиҷа бародараш Ҳобилро кушт. Худованд, писари дигаре ба номи «Ҳибатуллоҳ» ба Одам ато кард. Одам ба таври маҳрамона ӯро ҷонишини худ қарор дод ва асрори нубувватро ба вай супурд. Қуръон дар бораи издивоҷи фарзандони Одам мефармояд: «... وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالاً كَثِيرًا ونساء ...» Ва аз он ду мардон ва занони фаровоне дар рӯи замин) мунташир сохт.» (Нисоъ/1)

Дар мавриди таксири насл ва издивоҷи фарзандони Одам бо якдигар сӯҳбатҳои зиёде вуҷуд дорад. Бархе аз муфассирон мӯътақиданд фарзандони Одам ва Ҳаво бо якдигар издивоҷ кардаанд. Аз ҳамин рӯ дар тавҷеҳи издивоҷ бо маҳрам дар он аср гуфта мешавад, ки ин кор дар он замон машрӯъ ва мубоҳ буда ва пас аз он ҳаром гаштааст.

Бостон шиносон мӯътақиданд инсони аввалия дар шаҳрҳои маъруфи Байнуннаҳрайн зуҳур кардааст. Дар шаҳри Нип бур, ки дар шимоли шарқии Байнуннаҳрайн воқеъ шуда, суфоле кашф кардаанд, ки сурати Одам ва Ҳаво бар он наққошӣ шудааст. Бархе кӯҳи Сарандип (Сейлон ё Шри Ланка) дар ҷануби Ҳиндустонро ба унвони ҳубут ва иқоматгоҳи аввалияи Одам ва Ҷаддаро маҳалли ҳубути Ҳаво медонанд.

captcha