IQNA

“Яҳё Синвор” ба унвони ҷонишини шаҳид “Ҳания” интихоб шуд 

22:02 - August 06, 2024
рақами хабар: 1940
ИКНА - Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос эълом кард, ки "Яҳё Синвор" ҷойгузини шаҳид "Исмоил Ҳания" шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, Яҳё Синвор ба унвони раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос интихоб шуд.

Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос дар баёнияе эълом кард, ки Яҳё Синвор ба унвони раиси ҷадиди дафтари сиёсии ин ҷунбиш ба ҷонишинии шаҳид Исмоил Ҳания интихоб шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки вебгоҳи Ской Нюз соате пеш ба нақл аз “Иззат Ар-Рашқ” яке аз мақомоти аршади Ҳамос таъкид карда буд: Он чи дар расонаҳо мабнӣ бар интихоби бархе афрод ба унвони раиси дафтари сиёсии ҷадиди Ҳамос мунташир шуда сиҳат надорад.

Иззат Ар-Рашқ гуфтабуд ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ба маҳзи поёни ройзаниҳо барои интихоби раҳбари ҷадид, натоиҷи онро эълом хоҳад кард.

Гуфтнӣ аст, ки вебгоҳи саудии Ал-Арабия имрӯз муддаӣ шуда буд, ки “Муҳаммад Исмоил Дарвеш” мулаққаб ба “Абуъумар Ҳасан” ба унвони раиси дафтари сиёсии ҷадиди ҷунбиши исломии Ҳамос ва ҷонишини Исмоил Ҳания интихоб шудааст. Дар ин гузориш иддао шуда буд, ки Яҳё Синвор раиси ҷунбиши Ҳамос дар Навори Ғазза бо интихоби Холид Машъал ба унвони ҷонишини Ҳания мухолифат кардааст.

https://tajikpress.com/2024/08/06/

captcha