Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии радиои Алҷазоир, забти дувумин мусҳафи савтии Алҷазоир, рӯзи гузашта, душанбе бо ҳузури Муҳаммад Бағолӣ, мудири кулли радиои Алҷазоир оғоз шуд.
Дар маросиме, ки дар студтяи маркази радио миллӣ баргузор шуд, забти дувуми мусҳафи савтии Алҷазоир бо ривояти Варш аз Нофеъ бо садои қорӣ шайх Холид Ғарисӣ ва зери назари кумитаи пайгирӣ ва мумайизии тахассусии ривоятҳои Қуръон анҷом шуд.
Раиси радиои Алҷазоир ба муносибати оғози забти ривояти дувум аз Қуръони Карим гуфт: Радио Қуръони Карим ҷойгоҳи худро дар миёни расонаҳои Алҷазоир сабт карда ва тавонистааст дар таҳкими арзишҳои исломӣ тавфиқи бисёре биёбад.