IQNA

Барномаҳои қуръонии остони Алавӣ вижаи зоирони Арбаини Ҳусайнӣ 

22:25 - August 12, 2024
рақами хабар: 1976
ИКНА - Дорулқуръонул-Карими остони муқаддаси Алавӣ аз барномарезӣ барои иҷрои барномаҳои қуръонии вижаи зоирони Арбаини Ҳусайнӣ ба вижа барпоии 250 истгоҳи қуръонӣ дар ин мавсим хабар дод. 

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии остони муқаддаси Алавӣ, барномаҳои қуръонии ин тарҳ барои нӯҳумин соли мутаволӣ дар 12 устон Ироқ иҷро ва шомили тасҳеҳи қироати сураи муборакаи Фотиҳа ва дигар сураҳои кӯчак ва ҳамчунин ироаи дигар хадамоти қуръонӣ ба зоирони Арбаини Ҳусайнӣ мешавад.

Ба гуфтаи масъулони Дорулқуръонул-Карими Алавӣ, 250 истгоҳи қуръонӣ бо ҳамкории иттиҳодияи қуръониён дар Ироқ ва бо ҳамоҳангӣ ва пуштибонии неҳодҳо, масоҷид, мавкибҳои Ҳусайнӣ ва ҳалқаҳои қуръонӣ дар устонҳои Басра, Карбало, Диёлӣ, Бағдод ва устони Каркук дар шимоли Ироқ барпо мешавад.

Ин тарҳ бо ҳадафи беҳбуди маҳоратҳои қуръонии зоирон баргузор мешавад, ки аз нуқоти мухталифи ҷаҳон барои зиёрати Атаботи Олиёт ба Ироқ меоянд ва ҳамчунин бар иртиқои кайфияти тиловат ва ҳамчунин талош барои иртиқои сатҳи маорифи Қуръони Карим ва густариши фарҳанги қуръонӣ дар миёни зоирон тамаркуз дорад.

Ба гуфтаи масъулони ин тарҳ муқаддамоти иҷроии он ҳамзмон бо омодасозии ҳарами мутаҳҳари Имом Алӣ (а) барои пазироӣ ва хадамотрасонӣ ба зоирони Арбаини Ҳусайнӣ дар ҳоли иҷро аст. Ин зоирон пеш аз азимат ба Карбалои Муалло ба зиёрати ҳарами мутаҳҳари Имом Алӣ (а) дар Наҷафи Ашраф мераванд.

https://iqna.ir/fa/news/4231239

captcha