IQNA

Донишгоҳи исломии Булғор баргузор кард

Омӯзиши духтарони мусулмони Тотористон дар «Масири нуронии Қуръон» 

23:01 - August 13, 2024
рақами хабар: 1983
ИКНА - Духтарон дар Ҷумҳурии Тотористони Русия бо ҳузур дар урдуи тобистонаи тарҳи Маратон «Дар масири нуронии Қуръон» бо шиори «Сибқат дар корҳои хайр» зимни боздид аз маконҳои таърихӣ ва ошноӣ бо фарҳанг ва таърихи аҷдодии худ; Таълимоти динӣ ва маънавӣ омӯзиш диданд.

Ба гузориши bolgar.academy, урдуҳои тобистонӣ барои кӯдакони хонаводаҳои мусулмони сокин дар Ҷумҳурии Тотористони Русия аз 15 июл то 10 август ба ҳиммати донишгоҳи исломии шаҳри Булғор баргузор шуд.

Ин урдуҳо аз соли 2017 бо ҳимояти академияи исломии Булғор баргузор мешавад ва ҳам дар байнИ кӯдакон ва ҳам волидайни онҳо бо истиқболи мусбати густурдае рӯбарӯ шудааст.

Ҷамол Ҳазрат Гарифулин, раиси идораи маънавии мусулмонони минтақаи Приморский ва намояндаи томулихтиёри раиси идораи динии мусулмонони Федератсияи Русия дар минтақаи федерали ховари дӯр дар ин бора мӯътақид аст: Хонаводаҳо аз манотиқи мухталифи ховари дӯр ва Русияи марказӣ ба сарзамини аҷдодии худ меоянд то аз маконҳои таърихӣ дидан кунанд, бо фарҳанг ва таърихи аҷдодиии худ ошно шаванд ва таълимоти динӣ ва маънавӣ омӯзиш бубинанд.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард: Шаҳри Булғор зодгоҳи Ислом дар минтақаии Волга ва дар кулли Русия аст ва қарор гирифтан дар ин фазо моро ташвиқ мекунад то ба ояндаи фарзандонамон, ки ба дӯр аз фарҳанги бумии худ ва решаҳои Ислом зиндагӣ мекунанд бештар таваҷҷуҳ кунем.

Кӯдакон дар муддати иқомати худ дар Булғор аз маконҳои таърихӣ дидан ва дар фаъолиятҳои варзишӣ ширкат карданд, намозҳои даста ҷамъиро дар масҷиди Сафед хонданд ва Қуръон ва забони Арабиро мурур карданд.

Омӯзиши духтарон дар ин урду дар қолаби тарҳи Маратон «Дар масири нуронии Қуръон» бо шиори «Сибқат дар корҳои хайр» баргузор шуд. Ба гуфтаи баргузоркунандагон, ҳадафи баргузории ин урдуҳо дар Булғор омӯзиши насли ҷавон аст. Ин ибтикор ба ҳифзи арзишҳои суннатии исломӣ ва тақвияти равобит байни манотиқ кумак мекунад. Ба лутфи чунин рӯйдодҳое, кӯдаконе, ки ба дӯр аз хостгоҳҳои фарҳанги исломӣ зиндагӣ мекунанд, ин фурсатро пайдо мекунанд, ки эҳсос кунанд ба таърих ва суннатҳои ниёгони худ тааллуқ доранд. Ин амр кумаки муҳимме ба ҳифз ва тавсеаи фарҳанги исломӣ дар Русия мекунад.

https://iqna.ir/fa/news/4231359

captcha