IQNA

Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо (а) бо ҳузури раҳбари олии Эрон ғуборрӯбӣ шуд 

22:09 - September 13, 2024
рақами хабар: 2102
ИКНА - Ҳамзмон бо рӯзҳои оғозини моҳи Рабеул-Аввал, маросими ғуборрӯбии зиреҳи мутаҳҳари ҳарами ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо (Имом Ризо) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари олии инқилоби исломии Эрон баргузор шуд. 

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоъ расонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳамзамон бо рӯзҳои оғозини моҳи Рабеул-Аввал, маросими ғуборрӯбии зириҳи мутаҳҳари ҳарами ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо (а) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари олии инқилоби исломии Эрон, ҷамъе аз уламо, тавлияти остони қудс ва ходимони остони муқаддаси Разавӣ баргузор шуд.

Дар ин маросими саршор аз фазои маънавият ва атри вилоят ва имомат, маддоҳон бо замзамаи зёроти Ҷомеаи Кабира ва Аминуллоҳ ба зикри маноқиб ва маросили Аҳли байт саломуллоҳи алайҳим ба муносибати айёми шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом пардохтанд ва бо ҳазрати Ризо алайҳиссалом роз ва ниёз карданд.

Дар ҳошияи ин маросим, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ҳузур бар мазори шаҳиди ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Раисӣ фотиҳа қироат карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4236241

captcha