IQNA

Баёнияи Шӯрои ҳукамои мусулмон ба муносибати рӯзи ҷаҳонии сулҳ 

10:41 - September 23, 2024
рақами хабар: 2149
ИКНА - Шӯрои ҳукамои мусулмон бо судури баёнияе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии сулҳ, тақвияти талошҳои муштарак бо ҳадафи нашри фарҳанги сулҳ ва мудоро ва рӯёрӯӣ бо ҷанг ва даргирӣ дар ҷаҳонро хостор шуд

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Шӯрои ҳукамои мусулмон ба риёсати Аҳмад Ат-Тиб, шайхи Ал-Азҳар дар ин баёния уламо ва фарҳехтагони ҷаҳонро ба тақвияти талошҳои муштарак бо ҳадафи нашри фарҳанги сулҳ, мудоро ва ҳамзистии инсонӣ дар рӯёрӯӣ бо ҷанг ва даргириҳое, ки ҷаҳони имрӯз бо он мувоҷеҳ аст ва ҳазорон нафарро қурбонӣ, маҷрӯҳ ва маҷбӯр ба тарки ватан кардааст, хостор шуд.

Дар баёнияи Шӯро, ки ба муносибати 21 сентябр (рӯзи ҷаҳонии сулҳ) мунташир шуд, омадааст тақвияти сулҳ, асли муҳим ва исломӣ аст, ки дини мубини Ислом ба он даъват карда ва онро рукни муҳим барои уммати Ислом қарор додааст.

Дар ин баёния бо таъкид бар зарурати тақвияти нақши раҳбарон ва намодҳои динӣ дар ростои тақвияти сулҳ, эълом шуд: Раҳбарони динӣ садои ахлоқ ва виҷдони муштараки инсонӣ ҳастанд, ки афрод ва ҷавомеъро ба самти арзишҳои мудоро, ҳамзистии мусоламатомез, бародарии инсонӣ ва радди хушунат, тафриқа, ифротгароӣ ва терроризм ҳидоят мекунанд.

Шӯрои ҳукамои мусулмон ҳамчунин як бори дигар бар мавзеъи собити худ дар ростои таҳаққуқи сулҳ таъкид ва баён кард, ки сулҳ беҳтарин роҳ барои таҳаққуқи сабот ва шукуфоӣ дар ҷаҳон аст ва гуфтугӯ ва тафоҳум миёни миллатҳо ва фарҳангҳо, муваффақтарин роҳ барои аз байн бурдани даргирӣ ва ҷанг аст ва дар ҳамин росто Шӯро, барномаҳо ва иқдомоти хуберо дар ростои таҳаққуқи сулҳ оғоз кардааст.

Гуфтнӣ аст, дирӯз шанбе 21 сентябр мусодиф бо рӯзи ҷаҳонии сулҳ буд ва ҳар сола ба ҳамин муносибат барномаҳо ва фаъолиятҳои мухталифе дар ҷаҳон иҷро мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4237915

captcha