IQNA

Ахлоқи фарди / офоти забон 4

Офати забонӣ фурӯрафтан дар ботил 

9:23 - September 24, 2024
рақами хабар: 2152
ИКНА - Фурӯрафтан дар ботил назди донишмандони илми ахлоқ, аамми аз нақли гуноҳ ваё анҷоми гуноҳ аст, ки рафтори ношоист аст.

Яке аз муҳимтарин офоти забон фурӯрафтан дар ботил аст. Фурӯрафтан дар ботил назди донишмандони илми ахлоқ, аамми аз нақли гуноҳ ва рафтори ношоисте аст, ки худ фард ё дигарӣ анҷом додааст; Ба шарти онки ин кор фақат барои саргармӣ анҷом шавад ва ниёзи машрӯъ ва ақлонӣ ба он набошад; Вале агар баёни рафтори ношоисти дигарон, барои истимдод дар боздоштани ишон аз гуноҳ ё посух ба касе, ки дар амри муҳимме машварат талабида ё ҳар ниёзи мшуъи дигаре бошад, фурӯрафтан дар ботил нахоҳад буд. Ҳамчунин агар ҳикояти гуноҳи дигарӣ, ҷиҳати ошкор сохтани айби ӯ ё хирад ва бемиқдорӣ кардани ӯ анҷом шавад, дар маҳдудаи гуноҳоне чун ғайбат, суханчинӣ ва ... қарор хоҳад гирифт.

Ҳикоят гуноҳ ва рафтори зишт ба ду сурат анҷом мешавад. Гоҳ аз гуноҳе, ки пеш аз ин анҷомгирифта ҳикоят мешавад монанди онки фард аз фиребкориҳо ва найранг бозиҳои худ достонсароӣ кунад ва аз мафосиди худ сухан бигӯяд. Гоҳ низ аз гуноҳе, ки қасди анҷоми онро дорад, ҳикоят карда, дар бораи роҳ ва равиши анҷоми он сухан мегӯяд, ки ин кор, ҳикоят аз тасаввур ва тахайюли гуноҳ аст.

Боз гуфтани гуноҳон бо ангезаи саргармӣ ва лаззат бурдан ё фарогирии онҳо аз ҷумла рафторҳои нописанде ба шумор меравад, ки шаръ онро накӯҳидааст. Қуръони Карим зимни баёни пурсиши биҳиштиён аз дӯзахиён дар бораи иллати вуруд ба дӯзах мефармояд: «وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ الْخَائِضِينَ». Ва бо ёвагӯён [ҳикоят кунандагони гуноҳ[ ёва мегуфтем. Албатта оят шомили ҳамроҳии амалӣ бо гуноҳкорон низ мешавад ва баёнгари он аст, ки фурӯрафтан дар ботил яке аз илал ё бахше аз иллати вуруд ба дӯзах аст; Албатта ваиди оташ ва дӯзах бар рафторе дода мешавад, ки ҳаром аст. Ҳамчунин Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд: فَلَا تَفْعَدُوا مَعَهُمْ حَتَّى يَخُوضُوا فِي حَدِيثٍ. Бо онҳо нанишинед то дар сухани дигаре фурӯ раванд. Паёмбари Акрам (с) бино бар нақле дар тавзеҳ ва тафсири ҳамин оёт фармуданд: «أَعْظَمُ النَّاسِ خَطَايَا يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَكْثَرُهُمْ خَوْضاً فِي الْبَاطِلِ» «Гуноҳкортарин мардум дар рӯзи қиёмат касе аст, ки бештар дар ботил фурӯрафта бошад.»

Гароиш ба гуноҳон ва кирдори нописанд, решаи аслии фурӯрафтан дар ботил аст. Ҷозибаи гуноҳ инсонро ба ёдоварии тахайюл ва сухан гуфтан дар бораи он во медорад шахсе, ки зиштиҳо ва нописандиҳоро бо обутоб ҳикоят мекунад ба қатъ пеш аз он афкораш дар ҳамон умур сайр кардааст. Аз паёмадҳои ин ахлоқи зишт метавон ба рехтани қубҳи гуноҳ, ташвиқ шудани дигарон ба гуноҳ ва пахши зиштӣ ишора кард.

Раҳоӣ аз ин беморӣ ҳамонанди дигар бемориҳои ахлоқӣ бо ёдоварии паёмадҳои зишт ва нописанди он муяссар аст. Авоқиби ин рафтор ҳаром ба андозае бад ва занндааст, ки тазаккури онҳо, танаффур ва инзиҷор аз ин бемориро дар пайи хоҳад дошт. Ҳамчунин бояд кӯшид то аз умури муҳимми дин ва дунё ба андозаи ниёз сухан гуфт ва ба ҷои суханони беҳуда ба зикри Худо машғул шуд. Афзоиши зикр ва дуо ва муноҷот дар барномаи зиндагӣ равиши бисёр муносибе барои тарки сухан дар бораи гуноҳ аст.

https://iqna.ir/en/news/3489927

captcha