IQNA

Вокунишҳо ба баёнияи оятуллоҳ Систонӣ

Аз омодагии Ироқ барои кумак ба Лубнон то таътилии ҳавзаи илмияи Наҷаф 

19:36 - September 24, 2024
рақами хабар: 2160
ИКНА - Нахуствазири Ироқ дар баёнияе гуфт, ки ба намояндагӣ аз давлат ва миллати ин кишвар, сомондиҳии талошҳо ва интиқоли кумакҳои мардумӣ ва расмӣ ба Лубнон дар посух ба даъвати оятуллоҳ Систонӣ, марҷаъи шиъаён дар Ироқро аз тариқи эҷоди пули ҳавоӣ ва заминӣ эълом мекунад. 

Ба гузориши alaraby.com, Муҳаммад Шияъ Ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ дар баёнияе эълом кард, ки дар сояи таҳаввулот дар Лубнон, давлат ва миллати Ироқ бар асоси ҳақ, адолат ва усули худ ва бо истинод ба баёнияи дафтари оятуллоҳи Систонӣ, марҷаъияти олиқадри динӣ мабни бар ҳаргуна талош барои таваққуфи ҳамалот ва кумак ба Лубнон дар канори Лубнон меоистад.

Вай афзуд: Ин мавзеъ аз сӯи марҷаъияти олиқадри динӣ, ки ҳамвора ва дар тӯли солҳо, ташхиси ҳакимонаи худ аз асли вуҷуди режими саҳюнистӣ ва ишғолгари Фаластин ва талошҳои он барои фитнаангезӣ ва густариши даргирӣ дар минтақаро эълом кардаанд, ҷадид нест.

Дархости нишасти изтирорӣ дар Ню-Йорк

Муҳаммад Шияъ Ас-Судонӣ, ҳамчунин рӯзи душанбе дар Ню-Йорк, хостори баргузории ҷаласаи изтирории сарони ҳайатҳои арабӣ дар маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид барои таваққуфи иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар Лубнон шуд.

Фуод Ҳусайн, муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Ироқ низ пешниҳоди Ироқ барои баргузории нишасти фавқулодаи сарони арабӣ ва исломӣ дар бораи Лубнонро ироа кард.

Аммор Ал-Ҳаким: Талошҳо барои таваққуфи ҳамла ба Лубнон ҷиддӣ бошад

Сайид Аммор Ал-Ҳаким, раҳбари ҷараёни ҳикмати миллии Ироқ низ дар баёнияе гуфт, ки баёнияи марҷаъияти олии динӣ, ки баёнгари умқи дард ва ҳузн дар қиболи ҳамалоти ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ аст ва ҳаргуна талоши мумкин барои таваққуфи ин ҳамалоти ваҳшёнаро дархост кардааст, комилан арҷ мениҳем.

Вай бар зарурати иқдоми ҷидде барои таваққуфи ҳамалоти ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз ғайри низомиёни бегуноҳ ба вижа дар шароити ҳадаф қарор додани рустоҳо ва шаҳрҳои Лубнон таъкид кард.

Таътилии ҳавзаи илмияи Наҷаф

Ҳавзаи илмияи Наҷаф, дарсҳи худро тайи имрӯз сешанбе таътил кард. Ин таътилӣ ба далели ҳамбстагӣ бо миллати Лубнон ва ҳимоят аз баёнияи содира аз дафтари оятуллоҳ Систонӣ, марҷаъияти динии Ироқ эълом шудааст.

Мақоми Созмони Милал: Қудратҳои бузург дар бораи таваққуфи ҷанг дар Лубнон иттифоқи назар надоранд.

Дар ҳамин росто сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард қудратҳои бузурги Шӯрои Амният ирода ва иттифоқи назаре барои мутаваққиф кардани ҷанг дар Лубнон надоранд.

Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, талош мекунад сулҳро аз тариқи дипломосӣ муҳаққақ кунад, аммо созукоре барои таҳмили он ба зӯр надорад, зеро қудратҳои бузург дар Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси Лубнон иттифоқи назар надоранд, ҳамонтавр, ки дар гузашта дар мавриди Сурия ва Навори Ғазза низ чунин будааст.

https://iqna.ir/fa/news/4238369

captcha