IQNA

Рақобати 48 кишвари африқоӣ дар мусобиқоти қуръонии Марокаш 

18:55 - September 28, 2024
рақами хабар: 2182
ИКНА - Панҷумин давраи мусобиқоти ҳифз, тиловат ва таҷвиди Қуръони Карим бунёди Муҳаммад Содис (Муҳаммади шашум) вижаи уламои африқоӣ аз дирӯз дар шаҳри «Фос»-и Марокаш оғоз шудааст.

Ба гузориши mapexpress.ma, озмунҳои ниҳоии ин мусобиқот аз дирӯз, дар шаҳри Фос оғоз шудааст ва ба муддати се рӯз идома дорад.

Шӯъбаҳои бунёди Муҳаммад Содис дар 48 кишвари африқоӣ дар ин рақобатҳо ширкат кардаанд ва 118 нафар, ки 12 нафари онон аз бонувон ҳастанд, дар ин мусобиқот ба сурати онлайн ва аз роҳи дӯр бо якдигар рақобат хоҳанд кард.

Кумитаи доварии ин рақобатҳо шомили довароне аз Марокаш ва дигар кишварҳои африқоӣ ҳастанд, ки ба сурати ҳузурӣ дар Фос ба арзёбии рақобатҳои ширкаткунандагон мепардозанд ва бартаринҳоро аз тариқи системи видеоии платформ «зум» муаррифӣ ва эълом хоҳанд кард.

Озмунҳои ибтидои вижаи ин давра аз мусобиқот аз 19 апрел оғоз шуд ва то 20 моҳи май  дар 48 шӯъбаи ин муассиса дар кишварҳои мухталифи африқоӣ идома дошт. Озмунҳои ибтидоӣ ба интихоби баргузидагон дар се бахш ихтисос дошт, ки шомили ҳифзи кулли Қуръон ба ҳамроҳи тартил ба ривояти Варш аз Нофеъ, ҳифзи кулли Қуръон ба ҳамроҳи тартил ба ривоятҳои мухталиф ва тиловат ва таҷвид ба ҳамроҳи ҳифзи ҳадди ақал 5 ҳизб аз Қуръони Карим буд.

Бунёди Муҳаммад Содис ҳадафи худ аз баргузории ин давра аз мусобиқотро тарвиҷи пайванди ҷавонони мусулмони африқоӣ бо Қуръони Карим ва фарҳанги ҳифз, тартил ва тиловати Қуръони Карим дар қорраи Африқо баён кардааст.

Ин бунёд яке аз муҳиммтарин бунёдҳои қуръонӣ дар заминаи тарвиҷ ва чопи Қуръони Карим дар шимоли ғарби қорраи Африқо ба шумор меояд.

https://iqna.ir/fa/news/4239039

captcha