Ба гузориши шабакаи хабарии Ал-Олам, манобеи хабарӣ эълом карданд, ки ташдиди даргириҳои мусаллаҳона тайи панҷ рӯзи гузашта дар дохил ва атрофи минтақаи Парачинор ҷони 31 нафарро гирифта ва дасти кам 70 нафари дигар ҳам захмӣ шуданд.
Манобеи наздик ба гурӯҳҳои шиъа дар Покистон гуфтанд, ки неруҳои такфирӣ ва тундрав бо сӯиистифода аз ихтилофоти арзӣ даст ба куштори ҳадафманди шиъаёни сокини шаҳри Парачинор мезананд.
Бо вуҷуди талоши раҳбарони қабоил ва давлати иёлтӣ барои таниш зудоӣ, тарҳи барқарории оташбас дар Парачинор бенатиҷа мондааст.
Минтақаи қабилаи Курум дар шимоли ғарби Покистон ва наздик ба навори муштараки марзӣ бо Афғонистон воқеъ шудааст. Ҳамин амр бархе нигарониҳоро дар миёни аҳзоби сиёсӣ ва мазҳабии Покистон дар мавриди имкони сӯиистифодаи неруҳои такфирӣ ва террористӣ аз адами контроли кофӣ бар марзҳои муштарак ва мушорикати шибҳинизомиён барои эҷоди ноамнӣ дар минтақаи Парачинор ба вуҷуд овардааст.
Таърихчаи хушунатҳо ва куштори пайравони аҳли байти Паёмбари Ислом дар Парачинор ба солҳо пеш бозмегардад. Даргириҳои хунин миёни гурӯҳҳои мазҳабӣ ва фирқаӣ дар ин минтақа аз гузашта токунун вуҷуд дошта ва бисёре аз шиъаён ҷони худро дар ин роҳ аз даст додаанд.
Бузургтарин ва тӯлонитарин ҷанг дар Парачинор дар соли 2007 мелодӣ рух дод, ки тайи он, гурӯҳҳои такфирӣ ин минтақаро ба муҳосира дароварданд.
Аз январи 2012 то январи 2013, танҳо дар натиҷаи 77 ҳамлаи террористӣ, 635 шиъа ба шаҳодат расиданд ва садҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Ин ҳамалот ва хушунатҳо тавассути ҷараёни такфирӣ ва ба далели шиъабудани мардуми ин минтақа аст. Бисёре аз мардуми ин минтақа барои кор ба кишварҳои дигар муҳоҷират карда ва бахше аз даромади худро ночоран барои хариди силоҳ ва дифоъ аз хонавода ва ҷомеаи худ сарф мекунанд.