Як ваҷҳи муштараки бисёр барҷаста дар сираи ин ду бузургавор дар мувоҷиҳа бо мусулмонон дар ҷомеаи исломӣ, ҳатто бо касоне, ки бо ишон ҳамсу набудаанд, ваҳдатофрини дар ҷомеаи исломӣ аст. Ҳам Паёмбари Акрам (с) ва ҳам Имоми Содиқ (а) аслитарин роҳбурди худро дар мудирияти ҷомеаи исломӣ ва мувоҷиҳа бо муъминон ва мусулмонон, эҷоди ваҳдат ва ҳамдилӣ миёни мусулмонон қарор дода буданд. Ин дар ҳоле аст, ки ҳам Расули Худо (с) ва ҳам Имоми Содиқ (а) дар ҷомеае мезистаанд, ки бархе афрод ё ҳатто бештари ишон, бо он бузургаворон ҳамсу ва ҳамросто набуда ва носозиҳои зиёдеро нисбат ба ин ду бузургавор раво медоштаанд. Аммо ин носозиҳо ва адами ҳамкориҳо, монеъ аз он нашуд, ки ин ду бузургавор, аз ин роҳбурди худ ақибнишинӣ кунанд.
Дар мавриди Паёмбари Акрам (с) нахустин ҳақиқате, ки бояд ба он ишора кард, он аст, ки он ҳазрат як дини ҷомеъ ва комил ба номи дини «Ислом»-ро барои ҷомеаи он рӯз ба армуғон оварданд. Дар Қуръони Карим, ки муштамил бар ваҳйи нозил шуда бар Паёмбари Гиромии Ислом аст, ваҳдатбахшӣ ба аъзои ҷомеаи исломӣ аслитарин роҳбурд дар мувоҷеҳа бо аъзои чунин ҷомеае аст; Онҷо, ки мефармояд: «وَ اعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَميعاً وَ لا تَفَرَّقُوا وَ اذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنْتُمْ أَعْداءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْواناً»; "Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг занед, ва пароканда ва гурӯҳ гурӯҳ нишавед; Ва неъмати Худоро бар худ ёд кунед он гоҳ, ки бо якдигар душман будед, пас миёни дилҳои шумо пайванд ва улфат барқарор кард, дар натиҷа ба раҳмат ва лутфи ӯ бо ҳам бародар шудад". (Оли-Имрон/103). Ё фармуд: «وَ أَطيعُوا اللَّهَ وَ رَسُولَهُ وَ لا تَنازَعُوا فَتَفْشَلُوا وَ تَذْهَبَ ريحُكُمْ»; "Ва аз Худо ва Паёмбараш фармон баред, ва бо якдигар низоъ ва ихтилоф макунед, ки суст ва бад дил мешавед, ва қудрат ва шавкататон аз миён меравад» (Анфол/46).
Асосан номи «Ислом», ки бар ин дин ниҳода шуда, дар асл маънои худ ба маънои «сулҳбахшӣ ва ваҳдатофринӣ» ишора дорад. Тавзеҳ онки ин вожа аз модаи «Силм» ба маънои «сулҳ, дӯстӣ ва якпорчагӣ» гирифта шудааст ва боби афъоли он, яъне «Аслам» ба маънои «сулҳ бахше, оштӣ додан ва ваҳдат офаринӣ» аст. Қуръони Карим дар ҳамин замина мефармояд: «يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا ادْخُلُوا فِي السِّلْمِ كَافَّةً» "Эй аҳли имон, ҳамагӣ дар сулҳ ва дӯстӣ дароед". (Бақара/208). Ин оят ҳамон асли асосии Ислом дар буъди иҷтимоиро таъкид мекунад, ки ҳамоно эҷоди сулҳ, дӯстӣ ва ваҳдат дар миёни ҷомеаи исломӣ, ва ҷилавгирӣ аз тафриқа ва ихтилоф дар миёни аъзои он аст. Ҳазрати Имоми Содиқ (а) дар сираи Паёмбари Акрам (с) низ шоҳиди он ҳастем, ки Расули Худо (с) барои эҷоди улфат ва ваҳдат дар ҷомеа таҳт амри худ, талоши бисёре менамуданд. Дар мавориди мухталифе, он ҳазрат иқдом ба эҷоди ақди ухувват дар миёни мусулмонон, ба вижа байни муҳоҷирин ва ансор мекарданд. Яке аз гусалҳои иҷтимоии Мадина дар он замон, ду гонаи муҳоҷирини - ансор буд. Ин гусал зарфияти зиёде барои фаъолшудан ва эҷоди ихтилофро дар ҷомеа дошт.
Дар сираи Имоми Содиқ (а) низ ҷилваҳои ваҳдатбахш миёни уммати Исломиро ба хубӣ мушоҳида мекунем. Аввал аз ҳама бояд таваҷҷуҳ кард Имоми Содиқ (Алайҳиссалом) шаҳри Мадинаро, ки шаҳри Расули Худо (с) буд, тарк накарданд ва дар Куфа, ки мавтини аслии шиъаёни ишон буд, сукно нагузиданд. Ин дарҳоле аст, ки Мадина шаҳри ҳамсу ба тафаккуроти ҳазрат набуд ва дар онҷо ишон шиъаёни пуршуморе надоштанд. Аз сӯи дигар, бисёре аз шогирдони Имоми Содиқ (а), ки теъдодашонро болиғ бар 4000 тан ангоштаанд, аз шиъаёни ҳазрат набуданд ва бархе аз онон чун Абуҳанифа, Молик иби Ананс, Суфёни Саврӣ, Авзоъӣ ва ... аз бузургони уламои омма буданд. Навъи бархурди он имом, ба гунае буд, ки ҳамаи ин афродро бар сари дарси ишон мекашид ва муриди ишон мекард.
Нуктаи калидӣ дар сираи Имоми Содиқ (а) дар мувоҷиҳа бо оммаи мусулмонон ин аст, ки дар замонаи он ҳазрат, фирқагароӣ ва фирқасозӣ сиккаи роиҷ дар бозори он рӯзгор буд. Ҳар олим ва донишманде, ки зуҳур мекард, шогирдонеро даври худ ҷамъ карда ва фирқаеро таъсис мекард. Умдаи ин фирқаҳо дар тӯли таърих аз байн рафтаанд, аммо бархе мазоҳиби фиқҳӣ ё каломӣ аз он рӯзгор ҳамчунон боқӣ мондаанд; Монанди ҳанафия, моликия дар аҳли суннат ва зайдия ва исмоилия дар миёни шиъа. Дар чунин фазое, ҳазрат натанҳо ба думболи фирқасозӣ ва ҷудо кардани роҳи шиъаён аз соири мусулмонон набуд, балки дар аҳодиси фаровоне аз ҳазрати мушоҳида мешавад, ки ишон шиъаёни худро ба зиндагии ҷамӣ бо оммаи мусулмонон фаро мехондаанд.