Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, Аҳмад Абу Ҳайба, мудири чопхонаи Фурқон дар шаҳри Чикагои Амрико гуфт: Аз замони оғози ҷанги Ғазза, мизони суфориши чопи Қуръони Карим ба муассисаи мо ба даҳҳо ҳазор нусха дар моҳ расидааст.
Вай бо таъкид бар ин ки дар ироаи ин омор муболиға намекунад, афзуд: Ин масъаларо метавон бо ироаи аъдод ва арқом собит кард. Масалан дар ноябри 2020 ба таври мутавассит моҳе 300 то 400 дархост доштем. Дар ҳоле, ки дар ноябри 2023, дар моҳ 3600 дархости чопи Қуръони Карим доштем ва дар моҳи мубораки Рамазони гузашта ин суфориш ба даҳҳо ҳазор нусха расидааст.
Аҳмад Абу Ҳайба ҳамчунин гуфт: Дар ин рӯзҳо теъдоди касоне, ки мусулмон мешаванд ҳам бисёр зиёд шудааст. Ҳама инҳо ба хотири сабр ва имони мардуми Ғазза ва унсе аст, ки бо Қуръон доранд. Барои амрикоиҳо бисёр аҷиб ва ҷаззоб аст, ки бидонанд магар дар Қуръон чӣ паёмҳое вуҷуд дорад?
Вай идома дод: Ҳамаи онҳо муттафиқол-қавл ҳастанд, ки сабр ва истиқомати мардуми Фаластин намунаи аҷибе барои онҳо буд, ки қаблан надида буданд. Мусулмонон дар Фаластин орзӯи шаҳодат доранд, модар, фарзанди шаҳидашро ба оғӯш мекашд дар ҳоле, ки нишонаҳое аз шодиро дар чеҳраи ӯ мебинед ва ӯ ҳамаро аз гиря кардан манъ мекунад. Инҳо саҳнаҳое аст, ки шаҳрвандони амрикоӣ ҳаргиз надидаанд.
Абу Ҳайба гуфт: Бунёди чопи Қуръони Фурқон ба муддати 20 сол дар шаҳри Чикаго дар аёлати Иллинойси Амрико фаъолият ва тарҷумаи англисӣ ва испанияии Қуръони Каримро ироа мекунад. Ҳамчунин арзаи Қуръон ба ғайри мусулмононе, ки қасди ошноӣ бо омӯзаҳои Қуръониро доранд роягон аст.