Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал-Қудсул-арабӣ, маркази исломии Ал-Азҳар соате пас аз эъломи артиши режими саҳюнистӣ мабнӣ бар террори Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос бо судури баёнияе дар шабакаи иҷтимоии «Х» эълом кард: шуҳадои муқовимати Фаластин муборизони воқеии ҳақ ҳастанд, ки душмани худро ба ваҳшат андохтанд ва тарс ва ваҳшатро дар дили душманон фурӯ бурданд.
Дар ин баёния омадааст: Душман талош мекунад бо дурӯғ ва фиребкорӣ шуҳадои муқовиматро террорист муаррифӣ кунад, ин дар ҳоле аст, ки размндагони муқовимат мудофеи хок ва меҳани худ ҳастанд ва Худованди Мутаол онҳоро дар масири дафъ тавтеаҳо ва таҷовузоти душман ва дифоъ аз хок ва ормони худ ба файзи шаҳодат расонд.
Дар ин баёния омадааст: Бояд дурӯғҳои расонаҳои режими саҳюнистӣ ва талоши онҳо барои таҳрифи чеҳраи муқовимати фаластинӣ дар зеҳни ҷавонон ва фарзандони мо ва тарвиҷи «террорист» хондани онҳо нақши бар об ва хунсо шавад.
Маркази исломии Ал-Азҳар дар ин баёния тасреҳ кард: Ин шуҳадо, ҷони худро дар роҳи аз байн бурдани фасод ва тааддии душман ва дифоъ аз хок ва ормони худашон ва ормони кишварҳои арабӣ ва мусулмон фидо кардаанд.
Дар ин баёния таъкид шудааст: Муқовимат ва дифоъ аз ватан ва хок ва ормон ва ҷонбохтан барои он ифтихори беназир аст.