IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 35

Тавсияи Қуръон дар бораи масъулияти таъмини зиндагии хонавода 

20:56 - July 16, 2023
рақами хабар: 228
Теҳрон (ИКНА) хонавода ба унвони кӯчактарин воҳиди иҷтимоӣ, бисёр мавриди таваҷҷуҳи Қуръон аст ва ҳуқуқи мутақобили зан ва мардро бо зарофатҳои зиёде тарсим кардааст. Яке аз ин ҳуқуқ, таъмини махориҷи зиндагӣ аст, ки дар Ислом бар ӯҳдаи мард гузошта шудааст.

Мард ва зан дар зиндагии муштарак ҳуқуқе доранд, ки мутаносиб бо тавон ва ниёзи онҳо таъриф мешавад. Қуръон аз нигоҳи илоҳӣ ҳуқуқе барои мард ва зан таъйин мекунад ва ҳатто бахше аз ин қавонин марбут ба ҳуқуқи ҳамсар пас аз марг аст:

وَالَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنْكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَاجًا وَصِيَّةً لِأَزْوَاجِهِمْ مَتَاعًا إِلَى الْحَوْلِ غَيْرَ إِخْرَاجٍ فَإِنْ خَرَجْنَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِي مَا فَعَلْنَ فِي أَنْفُسِهِنَّ مِنْ مَعْرُوفٍ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ; “Ва касоне, ки аз шумо дар остонаи марг қарор мегиранд ва ҳамсароне аз худ ба ҷо мегузоранд. Бояд барои ҳамсарони худ васият кунанд, ки то як сол, онҳоро (бо пардохтани ҳазинаи зиндагӣ) баҳраманд созанд, ба шарти инки онҳо (аз хонаи шавҳар) берун нараванд (ва иқдом ба издивоҷи муҷаддад накунанд). Ва агар берун раванд, (ҳаққе дар ҳазина надоранд, вале) гуноҳе бар шумо нест нисбат ба ончи дар бораи худ, ба таври шоиста анҷом ме‏диҳанд. Ва Худованд, тавоно ва ҳаким аст” (Бақара, 240).

Ин оят ба сароҳат тавсия мекунад, ки мард пеш аз марги худ бояд дар андешаи таъмини маоши ҳамсари худ то як сол пас аз марг бошад.

Ҳамсари ӯ низ дар ин муддат фурсат дорад вазъияти муносибе барои идомаи зиндагии худ муҳайё кунад.

Лозим ба зикр аст, ки дар сабки зиндагии исломӣ, масъулияти таъмини зиндагии зан дар хонавода бар ӯҳдаи мард аст ва тибқи ояти фавқ, ин масъулият пас аз марги мард, ҳамчунон тибқи шароите идома дорад:

الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ بِمَا فَضَّلَ اللَّهُ بَعْضَهُمْ عَلَى بَعْضٍ وَبِمَا أَنْفَقُوا مِنْ أَمْوَالِهِمْ; “Мардон сарпарасти занонанд ба далели онки Худо бархе аз эшонро бар бархе бартарӣ дода ва [низ] ба далели онки аз амволашон харҷ мекунанд” (Нисо, 34).

Мӯҳсин Қироатӣ, муаллифи тафсири Нур баъзе аз паёмҳои ин оятро ба шарҳи зер баён мекунад:

1- Мардон, бахше аз моли худро барои ҳамсаронашон васият кунанд. وَ الَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ ... وَصِيَّةً لِأَزْواجِهِمْ

 2- Ояндаи занони бева бояд таъмин шавад. مَتاعاً إِلَى الْحَوْلِ 
 3- Ҳаргуна тасмими зан дар интихоби шавҳари муҷаддад, бояд оқилона ва машрӯъ ва бо дар назар гирифтани маслиҳат бошад. فَعَلْنَ فِي أَنْفُسِهِنَّ مِنْ مَعْرُوفٍ
 4- Ташриъи аҳкоми илоҳӣ, бар асоси ҳикмат аст. عَزِيزٌ حَكِيمٌ 
 

 

captcha