IQNA

Раисҷумҳур пеш аз азимат ба Русия:

БРИКС роҳи бурунрафт аз тамомиятхоҳии Амрикост 

18:54 - October 23, 2024
рақами хабар: 2305
ИКНА - Раисҷумҳур пеш аз азимат ба Русия барои ҳузур дар иҷлоси сарони БРИКС гуфт: Тасаввур мекунам ин мавзӯъ метавонад бар иртиботи мо, як ҷонибагароӣ Амрико дар дунё ва таҳримҳои ин давлати тамомиятхоҳ бар ҳар кишваре, муассир бошад ва узвият дар ин маҷмӯаҳо метавонад роҳи бурунрафт аз тамомиятхоҳии Амрико бошад. 

Ба гузориши ИКНА, Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури кишвари Эрон, баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбе, пеш аз азимат ба Русия ба манзури ҳузур дар шонздаҳумин иҷлоси сарони БРИКС ва БРИКС палос дар фурудгоҳи Меҳробод, гуфт: Ин сафар ба даъвати раисҷумҳури мӯҳтарами Русия, ҷаноби оқои Путин анҷом мегирад ва дар ҳақиқат ҷаласае бо ҳузури сарони кишварҳои созмони БРИКС  аст.

Вай бо баёни инки теъдоде аз кишварҳое чандҷонибагаро созмоне ба исми БРИКС  ташкил додаанд, идома дод: ин созмон бештар ҷиҳати ваҳдат, инсиҷом ва чандҷонибагароӣ дар муқобили қудрати биломунозиаи Амрико то кишварҳо битавонанд бо якдигар додӯситади муносибе дошта бошанд.

Раисҷумҳур тасреҳ кард: дар ин сафар фурсате аст то бо руасои ҷумҳури Русия, Чин, Ҳинд ва соири кишварҳои ҳозир гуфтугӯ кунем. Қатъан дар онҷо ҳар раисҷумҳур дар бораи БРИКС ва наҳваи таомул бо якдигар, назарот ва мавозеихудро матраҳ мекунанд.

Вай идома дод: тасаввур мекунам ин мавзӯъ метавонад бар иртиботи мо, як ҷонибагароӣ Амрико дар дунё ва таҳримҳои ин давлати тамомиятхоҳ бар ҳар кишваре муассир бошад ва узвият дар ин маҷмӯа метавонад роҳи бурунрафт аз тамомиятхоҳии Амрико бошад.

Ёдовар мешавад, шонздаҳумин иҷлоси сарони гурӯҳи БРИКС бо ҳузури намояндагон 36 кишвар ва 6 созмони байналмилалӣ дар Қазон баргузор мешавад. Раисҷумҳур илова бар суханронӣ дар нишасти аслии сарони БРИКС, дидорҳои дуҷониба бо бархе аз руасоиҷумҳури ҳозир дар ин иҷлос аз ҷумла «Владимир Путин» раисҷумҳури Русия ва «Си Ҷинпин» раисҷумҳур Чин хоҳад дошт.

https://iqna.ir/fa/news/4243775

captcha