IQNA

Раҳбари олии Эрон дар дидори ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои амният:

Бояд хатои муҳосиботии режими саҳюнистӣ ба ҳам бихурад 

19:52 - October 27, 2024
рақами хабар: 2320
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои амният гуфтанд: Шарорати ду шаб пеши режими саҳюнистӣ набояд бузургнамоӣ шавад ва на кӯчакингорӣ. Бояд хатои муҳосиботии режими саҳюнистӣ ба ҳам бихурад. Бояд қудрат ва ирода ва ибтикори миллати Эрон ва ҷавонони кишварро ба онон фаҳмоанд.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори хонаводаҳои шуҳадои амният гуфтанд: Бояд хатои муҳосиботии режими саҳюнистӣ ба ҳам бихӯрад ва қудрату иродаву ибтикори миллати Эрон ва ҷавонони кишварро ба онон фаҳмонд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори ҳазорон нафар аз хонаводаҳои муаззази шаҳидони амният, ин шаҳидонро ҷузви бартарин шуҳадои роҳи ҳақ хонданд ва бо ишора ба аҳамияти зербинои амният дар ҳамаи умури ҷомеа ва абъоди мухталифи зиндагии мардум таъкид карданд: Фақат як Эрони қавӣ метавонад амнияту пешрафти кишвару миллатро таъмин ва тазмин кунад. Бинобарин Эрон бояд рӯз ба рӯз дар ҳамаи абъоди иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ, дифоӣ ва мудириятӣ қавитар шавад.
Раҳбари инқилоб бо таъкид бар зарурати баҳам хӯрдани муҳосиботи ғалати режими саҳюнистӣ дар бораи Эрон гуфтанд: Онҳо дар бораи Эрон дучори хатои муҳосиботӣ ҳастанд, чаро ки Эрону ҷавонону миллати Эронро намешиносанд ва ҳанӯз натавонистаанд қудрат, тавоноӣ, ибтикор ва иродаи миллати Эронро дуруст бифаҳманд, ки мо бояд инро ба онҳо бифаҳмонем.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Албатта, кайфияти корро бояд масъулони мо ба дурустӣ ташхис ва ончӣ ба салоҳи ин кишвару миллат аст, анҷом диҳанд то онҳо бифаҳманд миллати Эрон кисту ҷавонони он чӣ гунаанд.
Раҳбари инқилоби исломӣ гуфтанд: Ин фикр, ангеза, омодагӣ ва рашодате, ки дар миллати Эрон вуҷуд дорад, бояд ҳифз шавад, чаро ки худи ин унсурҳо амниятсоз ҳастанд.

https://iqna.ir/fa/news/4244585

captcha