Ба гузориши манобеи хабарӣ, мусулмонони албании муқими Швейтсария бо суръати бесобиқа ва ғайриқобили васф, ба ифтитоҳи марокизи исломии ҷадид дар бисёре аз шаҳрҳои Швейтсария идома медиҳанд. Аз ин рӯ дар камтар аз 30 рӯз ду маркази фарҳангии исломӣ дар минтақаи «Herzogenbuchsee» дар контуни Берн ва минтақаи «Winterthur» шуданд.
Маросими ифтитоҳи ин марокизи фарҳангии исломӣ баёнгари ҳувияти муштараки мардумии Албания буд, ки дар Балкани ғарбӣ дар кишварҳое чун Албания, Косово, Македонияи шимолӣ ва дигар кишварҳои аврупоӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар маросими ифтитоҳияи ин марокизи исломӣ руасо ва масъулони марокизи исломии кишварҳои Балкани ғарбӣ ҳузур доштанд, ки мӯҷиби эҳсоси бародарӣ миёни ақаллиятҳои мусулмони албанӣ шуд, ки ба муддати чанд даҳа дар кишвари Швейтсария зиндагӣ мекунанд ва аз фаъолтарини ақаллиятҳои мусулмон дар ин кишвар ба ҳисоб меоянд.
Маркази фарҳангии исломӣ Ҳертезгунбишсӣ
Мусулмонони албанӣ рӯзи шанбе 26 октябр ҷадидтарин маркази фарҳанги исломии минтақа Ҳертезгунбишсӣ (Herzogenbuchsee) вобаста ба минтақаи Кантони Бернро, ки дар фосилаи ҳудуд 25 километрии пойтахти идории Швейтсария қарор дорад, ифтитоҳ карданд.
Маркази фарҳангии исломии Винтертур
Дар 29 сентябри гузашта низ мусулмонони Албания маркази исломии ҷадиди худро дар шаҳри Винтертур, ки яке аз шаҳрҳои устони Винтертур дар Кантони Бернро ва шашумин шаҳри бузурги Швейтсария аз ҷиҳати ҷамъият аст ифтитоҳ карданд.
Ба муносибати ифтитоҳи ин маркази исломӣ маросими бузурге баргузор шуд, ки хабари он ба ҳамаи мусулмонони албанӣ дар Балкани ғарбӣ расид.