IQNA

Шаҳодати дар Қуръон - (2)

Ҷойгоҳи волои шаҳодат дар Ислом 

18:46 - November 20, 2024
рақами хабар: 2450
Касоне, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд илова бар он ки биҳишт насибашон аст, Худованд талошҳо ва аъмоли онҳоро дар дунё аз байн намебарад ва хунашонро дар ҳамин дунё ба самар менишонад.

Қуръони Карим шаҳодатро мақоме бас воло медонад, то ҷое, ки барои шаҳидон фазоили бисёрро баршумурдааст. Яке аз вижагиҳои шаҳидон он аст, ки аз фазли Парвардгорашон баҳраманд буда ва аз ин боб бисёр хушҳол ва шодоб ҳастанд: فَرِحينَ بِما آتاهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ وَ يَسْتَبْشِرُونَ بِالَّذينَ لَمْ يَلْحَقُوا بِهِمْ مِنْ خَلْفِهِمْ أَلاَّ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَ لا هُمْ يَحْزَنُونَ» (Оли Имрон/170). Мутобиқи ин оят, шаҳидон ҳақиқатан зинда ҳастанд. Зеро, ки комилан дар ин дунё асаргузор буда ва метавонанд ба кумаки бародарони муъмини худ башитобанд. Шаҳидон ба бародарони муҷоҳиди худ бишорат медиҳанд, ки ҳеҷ тарс ва нигаронӣ надошта бошанд. Далели ин амр он аст, ки шаҳидон мақомот ва подошҳои бародарони худро дар он ҷаҳон мебинанд ва аз ин рӯ, ба онон бишоратшро медиҳанд.

Дар ривояоти Расули Акрам (с) низ аҳамияти волои шаҳодат ва саранҷоми неки он бозтоб ёфтааст. Расули Худо (Салаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) дар баёни азамати мақоми шаҳодат фармудаанд: «فوق‌ کلّ بِرّ بِرٌّ حتى یقتل الرجل فى سبیل الله، فاذا قُتل فى سبیل الله فلیس فوقه برّ» "Болотар аз ҳар некӣ, некӣ аст то он ки инсон дар роҳи Худо кушта шавад. Пас чун дар роҳи Худо кушта шуд, болотар аз он, некӣ нест".

Ҳамчунин Паёмбари Акрам (Салаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) фармуд: Се гурӯҳанд, ки рӯзи қиёмат ба шафоат бархезанд ва Худованд шафоаташонро бипазирад: Пайғамбарон, сипас уламо ва сипас шуҳадо.

Ҳазрати Алӣ (а) ҳам ба унвони саҳобии содиқи Паёмбари Акрам (с) дар бораи шаҳодат эътиқод дорад: «Қасам ба касе ки ҷони фарзанди Абитолиб дар дасти ӯст, ҳазор зарба шамшер бар ман осонтар аз марги дар бистар аст».

Касоне, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд илова бар он ки биҳишт насибашон аст, Худованд талошҳо ва аъмоли онҳоро дар дунё аз байн намебарад ва хунашонро дар ҳамин дунё ба самар менишонад. Ин ваъдаи Худои Мутаол дар Қуръони Карим аст, ки фармуд: «وَ الَّذينَ قُتِلُوا في‏ سَبيلِ اللَّهِ فَلَنْ يُضِلَّ أَعْمالَهُمْ. سَيَهْديهِمْ وَ يُصْلِحُ بالَهُمْ. وَ يُدْخِلُهُمُ الْجَنَّةَ عَرَّفَها لَهُمْ» (Муҳаммад/4-6).

 

captcha