IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 40

Мақоми Паёмбарон; Аз дарёфти ваҳй то роҳбарии ҷомеа

22:42 - July 23, 2023
рақами хабар: 251
Мақоми Паёмбарон; Аз дарёфти ваҳй то роҳбарии ҷомеа
Теҳрон (ИКНА) Се мақом вуҷуд дорад, ки ҳар як аз Паёмбарони Илоҳӣ ба як ё чанд маврид аз онҳо даст ёфтаанд ва таклифи мутаносиб бо он мақом ба онҳо дода шудааст, ки таваҷҷуҳ ба он ба фаҳм ва таҳлили мо аз рафтори ҳар як аз онҳо дар давраи Паёмбаришон кумак мекунад.

Ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом дар байни анбиё, ҷойгоҳ ва манзилати хоссе дорад. Номи ӯ, дар 25 сураи Қуръон баён ва 69 мартаба такрор шуда ва аз ӯ ҳамонанди ҳазрати Муҳаммад(с) ба унвони улгуи башарият ёд шудааст. Ӯ дар арсаҳои гуногун бо истифода аз истидлол, бо инҳироф ва ширк мубориза кард. Озмоишоти бузурге, ки ӯ дар онҳо сарбаланд шуд, боис шуд Худованд ӯро ба мақоми “имомат” мансуб кунад:

وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا قَالَ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي قَالَ لَا يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ; (“Ба хотир биёваред) ҳангоме, ки Худованд Иброҳимро бо васоили гуногуне озмуд, ва ӯ ба хубӣ аз ӯҳдаи озмоиш баромад, Худованд ба ӯ фармуд: ман туро имом ва раҳбари мардум қарор додам, Иброҳим гуфт: аз насли ман (низ имомоне қарор бидеҳ) Худованд фармуд: паймони ман ба ситамкорон наме‏расад (ва танҳо он даста аз фарзандони ту, ки пок ва маъсум бошанд, шоистаи ин мақоманд)”. (Бақара, 124).

Ҳадди ақали ду фароз аз ин оят қобили таваҷҷуҳ аст: бахши аввал, ки ишора ба “имомати” Иброҳим дорад ва бахши дувум, ки таъкиди Худованд бар ҳамроҳии ҳамешагии “имомат” ва “адолат” (дӯрӣ аз зулм) аст. Аммо баростӣ мақоми “имомат” дар ин оят ба чӣ маъност ва нисбати он бо мақоми “нубувват” чист?

Посух ба пурсиши аввал нишон медиҳад, ки ҳар Паёмбар, бо гузар кардан аз озмоишҳо ва имтиҳоноти илоҳӣ, ба мақоми хоссе расидааст, ки “имомат” яке аз онҳост.

Дар тафсири Намуна мехонем: мақоми “нубувват” ба мақоми шахсе гуфта мешавад, ки ваҳйро аз Худованд дарёфт мекунад ва бинобар ин “набӣ” касе аст, ки ваҳйи илоҳӣ бар ӯ нозил мешавад. Мақоми “рисолат” мақоми дигаре аст, ки набӣ муваззаф мешавад, ки ваҳй дарёфтиро иблоғ ва таблиғ кунад ва аҳкоми Худовандро нашр диҳад ва аз тариқи таълим ва огоҳӣ бахшидан, мардуми ҷомеаро тарбият кунад. “расул” касе аст, ки муваззаф аст дар ҳавзаи маъмурияти худ ба талош ва кӯшиш бархезад, ва барои як инқилоби фарҳангӣ ва фикрӣ ва ақидтӣ талош кунад.

Аммо мақоми “имомат” яъне раҳбарӣ ва пешвоӣ мардум. Дар воқеъ “имом” касе аст, ки бо ташкили як ҳукумати илоҳӣ, саъй мекунад аҳкоми Худоро амалан иҷро ва пиёда кунад. Ба иборати дигар вазифаи имом иҷрои дастуроти илоҳӣ аст, дар ҳоле, ки вазифаи расул фақат баён ва омӯзиши ин дастурот аст.

Имомат; Охирин сайри такомули Иброҳим

Мақоми имомат, мақоме аст болотар ва ҳатто бартар аз набувват ва рисолат аст, зеро ин мақом ниёзманди шоистагии фаровон дар заминаҳои мухталиф аст, ки Иброҳим пас аз имтиҳон шоистагӣ аз тарафи Худованд, ин мақомро ба даст овард ва тибқи оёти Қуръон, ин охирин ҳалқаи сайри такомули Иброҳим буд.

Паёмҳои бахши аввали оят дар тафсири Нур:

 1- Паёмбарон низ мавриди озмоиши илоҳӣ қарор мегиранд. وَ إِذِ ابْتَلى‌ إِبْراهِيمَ

2- Барои мансуб кардани афрод ба мақомот, гузиниш ва озмоиш лозим аст. إِذِ ابْتَلى‌ إِبْراهِيمَ ... بِكَلِماتٍ

 4- Пустҳо ва масъулиятҳо бояд тадриҷан ва пас аз муваффақият дар ҳар марҳала ба афрод вогузор шавад. فَأَتَمَّهُنَّ

5- Имомат, интисобӣ аст на интихобӣ. Имом бояд ҳатман аз тарафи Худованд мансуб шавад. إِنِّي جاعِلُكَ

 

captcha