IQNA

Нигоҳе ба зиндагии ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)-2 

Зиндагонии ҳазрат Фотимаи Заҳро (с) баъд аз издивоҷ 

15:26 - December 09, 2024
рақами хабар: 2543
ИКНА - Пас аз ҳиҷрати Паёмбар чандин нафар хостори издивоҷ бо духтари ишон буданд вале дар ин миён ҳазрати Алӣ (а) бо ишон издивоҷ кард. Давраи нахусти зиндагии Фотимаи Заҳро (с) ва ҳазрати Алӣ (а) бо шароити душвори иқтисодӣ ҳамроҳ шуд, вале ишон ҳеҷгоҳ ба вазъи мавҷуд эътироз накард. 

Пас аз ҳиҷрати Паёмбар аз Макка ба Мадина, Умар, Абубакр, Абдурраҳмон ибни Авф ва чанд тани дигар хостори издивоҷ бо Фотимаи Заҳро буданд. Дар ин миён ҳазрати Алӣ (а) низ ба сабаби иртиботи хонаводагӣ бо Паёмбар ва вижагиҳои ахлоқии Фотимаи Заҳро, алоқаи зиёде барои издивоҷ бо ишон дошт; Аммо ба гуфтаи муваррихон ба худ иҷоза намедод аз духтари Паёмбар хостгорӣ кунад. Саъд ибни Маоз ин масъаларо ба Паёмбар мунтақил кард ва Паёмбар бо хостгории Алӣ (а) мувофиқат намуд. Ҳазрати Алӣ (а) монанди дигар муҳоҷирон, дар моҳҳои нахустини пас аз ҳиҷрат, вазъияти иқтисодии сахте дошт аз инру ба тавсияи Паёмбар, зиреҳи худро фурӯхт (ё раҳн дод) ва қимати онро меҳри Фотимаи Заҳро қарор дод. Маросими ақди Алӣ (а) ва Фотима (с) дар ҳузури мусулмонон дар масҷиди Паёмбар (с) баргузор шуд.

Давраи нахусти зиндагии Фотимаи Заҳро (с) ва ҳазрати Алӣ (а) бо шароити душвори иқтисодӣ ҳамроҳ буд тоҷое, ки дар бархе замонҳо ғизо барои сер кардани фарзандонашон надошт. Бо вуҷуди ин шароити сахт, аммо Фотимаи Заҳро (с) ба вазъи мавҷуд эътироз намекард ва гоҳ барои кумак ба ҳамсари худ дар таъмини маош, пашмресӣ мекард. Фотима (с) бар асоси тавсияи Паёмбар (с) тамоюл дошт корҳои даруни манзилро худ анҷом диҳад ва умури хориҷ аз манзилро ба Алӣ (а) вогузорад. Замоне, ки ҳазрати Физзаро ба унвони ходим ба хонааш фиристод, ниме аз корҳои хонаро худ анҷом медод ва ними дигарро ба Физза месупурд. 

Алӣ (а), Фотимаи Заҳро (с)-ро бисёр эҳтиром мекард. Дар ривояте аз ҳазрати Алӣ (а) ворид шудааст, ки ишон гуфтаанд на ман ҳеҷгоҳ Фотимаро ба хашм овардам ва на Фотимаи Заҳро ҳеҷгоҳ маро ба хашм овард. Манобеи шиъа ва аҳли суннат ҳамраъянд, ки ҳазрати имом Ҳасан, имом Ҳусайн, Зайнаб ва Уммикулсум чаҳор фарзанди Фотима ва Алӣ ҳастанд. Дар манобеи шиъа ва бархе аз манобеи аҳли суннат аз фарзанди дигаре барои ишон ном бурда шуда, ки бар асари осебе, ки дар ҷараёни ҳаводиси пас аз Паёмбар (с) бар Фотимаи Заҳро ворид шуд сиқт гардид. Номи ӯ Муҳсин ё Муҳасан зикр шудааст.

Фотимаи Заҳро (с) фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва мавзеъгириҳои сиёсии мутааддиде доштааст. Ҳиҷрат ба Мадина, мудовои Паёмбар (с) дар ҷараёни ҷанги Уҳуд, ҳузур дар канори бадани Ҳамза, Сайидушшуҳадо ҳамроҳ бо Сафия хоҳари Ҳамза ва аммаи Паёмбар (с) дар Уҳуд, расондани озуқа барои Паёмбар дар ҷанги Хандақ ва ҳамроҳияш дар фатҳи Макка аз ҷумла фаъолиятҳои вай қабл аз реҳлати Паёмбари Гиромии Ислом (с) будааст.

https://iqna.ir/en/news/3490962

captcha