Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз Раъюл-Явм, ин номаи таҳдидомези ҳовӣ тасвири салиби шикаста (намоди неонацизмҳо) ва имзои созмони террористии мавсум ба Фашистҳои зеризаминӣ" аст.
Бар асоси баёнияе, ки ҷумъа, аз сӯи ҳайати мудираи ин масҷид мунташир шуд, ин паём ба емайли масҷиди иттиҳодияи умури мазҳабии туркии исломӣ воқеъ дар шаҳри "Брамша" ирсол шудааст.
Дар ин паём ибороти тавҳиномез ба ислом ва таҳдидҳое аз ин қабил омадааст: «агар ингуна идома диҳед, ҳамон кореро, ки бо яҳудиён кардем бо шумо хоҳем кард ва ин рӯз чандон дӯр нест.»
Аҳмад Армақ, раиси ҳайати мудираи ин масҷид, дар баёнияи интишор ёфта гуфтааст, ки масҷиди дигаре низ дар ин минтақа авоили ҳафтаи пеш номаи таҳдидомезе аз ҳамин созмон дарёфт кардааст.
Армақ таъкид кард: мо нигарони ирсоли паёмҳои таҳдидомези мушобеҳ ба масоҷиди мухталиф дар минтақаи худ ҳастем ва аз ниҳодҳои марбута мехоҳем бо ҳассосияти бештаре бо ин рӯйдодҳо бархурд кунанд.
Бо қудрат гирифтани ҷараёнҳои рости ифротӣ дар Аврупо, нигарониҳо аз афзоиши хушунатҳо алайҳи мусулмонон ва муҳоҷирон дар ин кишварҳо боло гирифтааст. Бисёре ҳушдор додаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба пешинаи хушунатҳои қавмӣ ва динӣ дар кишварҳои аврупои ғарбӣ, ин вазъият метавонад мунҷар ба фоҷиаи инсонии ҷадиде шавад.