Ба гузориши манобеи хабарӣ, ба нақл аз хабаргузории Анатолия, садҳо мусулмони аҳли Босния ва Ҳерсеговина намози ҷумъаи дирӯз, 25 августро дар масҷиди "Коачелла" дар шарқи Босния ва Ҳерсеговина баргузор карданд. Ин намоз танҳо якбор дар сол ва дар охирин ҷумъаи моҳи август баргузор мешавад.
Ахмад Хосканович, раиси аиммаи иттиҳоди исломӣ дар Тузла, дар хутбаи ҷумъа гуфт: сарбозони усмонӣ ин масҷидро дар ҷараёни футӯҳот дар минтақа дар давраи 1460 то 1480 байни манотиқи Конюнг Пул ва Зворники боло як таппа таъсис карданд.
Вай хотирнишон кард, ки сербҳо дар ҷанги байни солҳои 1992 то 1995 ин масҷидро ба оташ кашиданд.
Бо ин ҳол баъд аз ҷанги масҷид таҳти мариммат қарор гирифт ва дар соли 2013 бори дигар дарҳои он ба рӯи намозгузорон боз шуд. Намози ҷумъаи оинии ин масҷид ҳар сол дар ҳафтаи охири моҳи август баргузор мешавад.
Мардуми маҳаллӣ ин масҷидро "намоди фатҳ" медонанд ва ба далели мушкил будани дастрасӣ ба он, намозҳои воҷиби явмия дар он баргузор намешавад.
Масоҷиди Коачелла яке аз қадимитарин масоҷиди Босния ва Ҳерсеговина аст, ки дар як минтақаи табиӣ ҷаззоб воқеъ шудааст, барои дастрасӣ ба ин масҷид, бояд ним соат пиёдаравӣ кард.
https://iqna.ir/00HTVs