Ба гузориши манбаъ, Ҳамза Чимаев муштзан ва қаҳрамони варзишҳои размии шветсияӣ, ки аслияти чиченӣ дорад, эълом кард, ки тобеияти шветсияӣ худро раҳо карда ва намояндаи Шветсия нахоҳад буд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, Ҳамза ба далели эҳсосоти хашмолуди худ нисбат ба давлати Шветсия, ки иҷозаи сӯзондани Қуръонро медиҳад, тобеияти худро раҳо кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои шветсияӣ муддаӣ шуданд, ки ӯ ба далели пул ҳозир ба тарки тобеияти Шветсия шудааст, ба вижа инки пас аз ахзи тобеияти Иморот, намояндаи Иморот хоҳад буд.
Дар пайи Қуръон сӯзиҳои мукаррари Селван Момика, шаҳрванди Шветсия ва ҳимояти аҳзоби рости ифротӣ буҳрони бузурге дар равобити ин кишвар бо соири кишварҳои исломӣ эҷод шудааст.
Мақомоти шветсияӣ ахиран эълом кардаанд, баррасии мамнуъияти қонунии ин амалро, ки мунҷар ба нафратпароканӣ ва эҷоди ихтилоф дар ҷомеа мешавад ва ҳамчунин манофеъи миллиро ба хатар меандозанд, дар дастури кор қарор додаанд.
Бо вуҷуди изҳороти мақомоти Шветсия аҳзоби рости ифротӣ дар ин кишвар эълом кардаанд: бо ҳаргуна талоши қонунӣ барои мамнуъияти қуръонсӯзӣ ба далели нақзи озодии баён, мухолифат хоҳанд кард.