IQNA

0:49 - August 31, 2026
рақами хабар: 5022
Як олими лубнонӣ:

Раҳбари шаҳид пешсафи ваҳдат бо нигоҳи қуръонӣ буд

Сайид Алӣ Фазлуллоҳ, олими барҷастаи лубнонӣ, таъкид кард: Имом Хоманаӣ нигоҳи амиқе ба ваҳдати исломӣ дошт ва бо нигоҳи қуръонӣ бар ин бовар буд, ки талош барои таҳаққуқи он як фариза ва масъулияти ҳамагонӣ аст.

Сайид Алӣ Фазлуллоҳ, олими барҷастаи лубнонӣ ва хатиби пешини намози ҷумъаи Бейрут, дар гуфтугӯ бо хабаргузории икно дар ҳошияи Конфронси 40-уми байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки таҳти назорати Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ дар Эрон ва бо шиори «Ваҳдати исломӣ дар андешаи Имом Шаҳид, Оятуллоҳи узмо Сайид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ (қуддиса сирруҳу)» баргузор шуд, изҳор кард:

«Раҳбари шаҳид, Имом Хоманаӣ, нигоҳи амиқе ба ваҳдати исломӣ дошт ва онро танҳо як тактика намедонист; балки бо нигоҳи қуръонӣ бар ин эътиқод буд, ки инсон наметавонад ваҳдати исломиро бидуни таваҷҷуҳ ба дастурҳои Қуръонӣ бипазирад ва талош барои таҳаққуқи он як фариза ва масъулияти ҳамагонӣ мебошад.»

Ӯ афзуд: «Эшон бар ин бовар буд, ки силоҳе, ки метавон бар зидди ваҳдати исломӣ ба кор бурд, таҳқири муқаддасот ва рамзҳои як мазҳаб аст. Аз ин рӯ, фатвои эшон бар ҷоиз набудани беҳурматӣ ба муқаддасот ва рамзҳои мазоҳиб таъкид дошт.»

Хатиби пешини намози ҷумъаи Бейрут идома дод: «Ваҳдати исломӣ силоҳе барои муқобила бо ҳар навъи фитна ва афроде аст, ки дар пайи фитнаангезӣ ҳастанд. Ҳар касе, ки дар пайи эҷоди тафриқа ва фитнаангезӣ бошад, бар зидди ин силоҳ амал мекунад.»

Ӯ дар идома муҳимтарин монеаҳои дохилӣ ва хориҷии ваҳдати исломиро баршумурда, гуфт:

«Яке аз монеаҳое, ки дар ин масъала нақш дорад, ин эҳсос дар миёни пайравони ҳар фирқа аст, ки агар бо фирқаҳои дигар муттаҳид шаванд, рамзҳо ва нишонаҳои мазҳабии худро заиф мекунанд ё ба онҳо беҳурматӣ мешавад.»

«Аз ин рӯ, бояд пайваста таъкид кард, ки ваҳдати исломӣ ба маънои тарки мазҳаб ва фаромӯш кардани усул ва рамзҳои мазҳабӣ нест; балки ба маънои ваҳдат бар пояи усул ва эътиқодоти муштарак мебошад.»

4372830

captcha