Сарвазири собиқи режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки номи «Исроил» дар миёни донишҷӯёни амрикоӣ бо мафҳумҳои «наслкушӣ ва кӯдаккушӣ» пайванд ёфтааст.
Ба гузориши икна, бо истинод ба хабаргузории Анадолу, Нафталӣ Беннет, сарвазири собиқи режими саҳюнистӣ, эътироф кардааст, ки номи «Исроил» дар миёни донишҷӯёни амрикоӣ бо «наслкушӣ» гиреҳ хӯрдааст.
Беннет дар як мусоҳиба гуфтааст: «Бори аввал аз замони таъсиси давлати Исроил, дар миёни мардуми Амрико, Исроил ба як бренди манфӣ табдил шудааст.»
Беннет ҳамчунин гуфт: «Агар аз як донишҷӯи амрикоӣ бипурсед, ки бо шунидани номи Исроил чӣ чиз ба зеҳнатон меояд? Онҳо мегӯянд: наслкушӣ.»
Ӯ бо муқоисаи Исроил бо кишварҳое, ки одатан бо рамзҳо ё мафҳумҳои хос шинохта мешаванд, илова кард: «Вақте мегӯед Италия, мегӯянд макарон ва спагетти; аммо вақте мегӯед Исроил, мегӯянд кӯдаккуш.»
Беннет бо иддаои ин ки «ин дуруст ва одилона нест», эътироф кард, ки «вазъият ҳамин аст.»
Ӯ ҳамчунин як бахши тағйири афкори ҷомеаро ба он чизе нисбат дод, ки онро «нуфузи Қатар дар Амрико» тавсиф кард ва гуфт: «Як қисми ин масъала ба он бармегардад, ки мо ба Қатар иҷозат додем, ки 25 сол фаъолият кунад ва нуфуз пайдо намояд.»
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки режими саҳюнистӣ бо интиқодҳои рӯзафзуни байналмилалӣ дар робита ба ҷанги наслкушона дар Ғазза ва бадтар шудани вазъи башардӯстона дар ин минтақа рӯбарӯ аст.
Моҳи октябри соли гузашта, як созишномаи оташбас бо пуштибонии Амрико дар Навори Ғазза ба иҷро даромад. Аммо аз он замон ба ин сӯ, нақзи пайдарпайи оташбас аз ҷониби ин режим боиси кушта шудани беш аз 1300- фаластинӣ дар саросари ин минтақа ва захмӣ шудани беш аз 4300 нафари дигар шудааст.
Ба гузориши Вазорати тандурустии Ғазза, аз моҳи октябри соли 2023, вақте ки режими саҳюнистӣ ҷанги наслкушонаи худро алайҳи ин минтақаи соҳилӣ оғоз кард, беш аз 73 000 фаластинӣ кушта шудаанд.
Илова бар ин, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири режими саҳюнистӣ, аз соли 2024 ба иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият дар Ғазза, таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад.
4373054