Як дипломати ироқӣ изҳори умедворӣ кард, ки барномаи «Соати Қуръон»-и Малайзия ба ҷойи соле як бор, ҳар моҳ баргузор шавад.
Ба гузориши икно, ба нақл аз «Синор Дейли», Ҳузайфа Зиёд Маҳмуд Солеҳ, кордори сафорати Ҷумҳурии Ироқ дар Малайзия, гуфт, ки барномаи «Соати Қуръон»-и Малайзия бояд ба ҷойи соле як бор, ҳар моҳ баргузор шавад, то ба мусулмонон имкони бештаре барои амиқтар кардани дарки худ аз Қуръон ва ҳидоятҳои он дода шавад.
Ӯ гуфт, чунин барномаҳо муҳиманд, зеро Қуръон на танҳо ҳамчун роҳнамои ибодат амал мекунад, балки паҳлуҳои гуногуни зиндагиро низ дар бар мегирад.
Вай гуфт: «Умедворам, ки ин барнома солона набошад, балки ҳар моҳ баргузор шавад, зеро Қуръон бисёр густурда аст ва аҳкоми зиёде дорад».
Ӯ дар дидор бо масъулони барномаи «Соати Қуръон»-и Малайзия дар Масҷиди Султон Абдуллоҳ гуфт: «Қуръон барои ҳама чиз аст: барои хирад, иқтисод ва зиндагии рӯзмарра. Қуръон танҳо барои ибодат ё намоз нест».
Ин дипломати ироқӣ гуфт, бояд нишастҳо ва барномаҳои бештаре дар иртибот бо Қуръон баргузор шаванд, то мардум битавонанд донишҳои бештаре касб кунанд ва ҳидоятҳои дар Қуръон мавҷудбударо беҳтар дарк намоянд.
Ӯ афзуд: «Барномаҳои монанди “Соати Қуръон”-и Малайзия ҳамчунин ба унвони як заминаи муҳим барои боло бурдани дарки ҷомеа аз Қуръон ва ташвиқи мардум ба татбиқи таълимоти он дар зиндагии рӯзмарраашон амал мекунанд».
Вай гуфт: «Ба назари ман, мо ба нишастҳо ё чорабиниҳои зиёде монанди ин ниёз дорем, то мардум дар бораи Қуръон бештар биомӯзанд».
Аз сӯи дигар, Зайтун Зария Абдуллоҳ, яке аз ташкилкунандагони ин маросим, гуфт, огоҳии зарурӣ барои бозгашт ба таълимоти динӣ метавонад бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла тавассути чунин чорабиниҳо, эҷод шавад.
Ӯ гуфт: «“Соати Қуръон”-и Малайзия метавонад барои мусулмонон ёдоваре бошад, то ба суханони Худованд наздиктар шаванд. Дар зиндагӣ ҳар коре, ки анҷом медиҳем, ба роҳнамоӣ ниёз дорад ва барои ҳар мавзӯъе дар Қуръон роҳи ҳал вуҷуд дорад».
Марҳинӣ Юсуф, яке дигар аз ташкилкунандагони ин маросим, гуфт: «Мо барои созмонҳо барномаи “Соати Қуръон”-ро дорем, ки бар сиёсатҳои онҳо таъсир мегузорад. Онҳо метавонанд аз Қуръон барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ, иқтисоди хонавода ва масъалаҳои рӯҳиву равонӣ дар ҷомеа кумак бигиранд. Ин барномаҳо ба дидгоҳ ва рафтори падарон, модарон ва фарзандон таъсир мегузоранд. Мо тадabbур ва тафаккур дар Қуръонро дар сатҳи хонаводаҳо, созмонҳо ва ниҳодҳои давлатӣ тарғиб мекунем».
4373222