Филиппин барои қабули қоидаҳои муштараки кишварҳои узви АСЕАН дар заминаи додани гувоҳномаи ҳалол талош мекунад.
Ба гузориши икно, ба нақл аз «Араб Нюз», Вазорати тиҷорат ва саноати Филиппин эълом кардааст, ки ин кишвар талош дорад стандартҳои муштараки додани гувоҳномаи ҳалолро миёни кишварҳои узви Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) ба вуҷуд оварад. Ҳадаф аз ин иқдом осон кардани эътирофи мутақобилаи маҳсулот ва густариши дастрасӣ ба бозорҳои Ховари Миёна ва дигар бозорҳои кишварҳои мусулмоннишин мебошад.
Аз миёни 11 кишвари узви АСЕАН, се кишвар Индонезия, Малайзия ва Бруней кишварҳои дорои аксарияти мусулмонӣ мебошанд. Ин се кишвар дар маҷмӯъ 45 дарсади аҳолии беш аз 680-миллионии ин иттиҳодияро ташкил медиҳанд.
Гарчанде Филиппин асосан кишвари католикӣ аст, ақаллияти қобили таваҷҷуҳи мусулмонон низ дорад, ки тақрибан 10 дарсади аҳолии наздик ба 120-миллионии кишварро ташкил медиҳанд.
Вазорати тиҷорати Филиппин эълом кард: «Кишварҳои АСЕАН умуман аз принсипҳои асосии ягонаи ҳалол, ки бар асоси қонунҳои исломӣ муайян шудаанд, пайравӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, тартиби додани гувоҳнома, талаботи аккредитатсия, сохторҳои ниҳодӣ ва низомҳои эътирофи ин гувоҳномаҳо дар кишварҳои гуногун фарқ мекунанд. АСЕАН талош дорад барои маҳсулоти ғизоӣ дастурҳои ҳамоҳангшудаи ҳалол ва низоми қавитари эътирофи мутақобиларо ба вуҷуд оварад, то ҳамоҳангии бештар ва тиҷорати осонтар дар саросари минтақа таъмин шавад».
Ин вазоратхона афзуд: «Стандарти ҳамоҳангшудаи ҳалол дар саросари АСЕАН, бахусус дар мавриди маҳсулоти ғизоӣ, ба эҷоди ҳамоҳангии бештар, коҳиши хароҷоти мутобиқсозӣ ба стандартҳо, осон шудани вуруди содиркунандагон ба бозор, афзоиши эътимоди истеъмолкунандагон ва таҳкими тиҷорати дохили АСЕАН мусоидат хоҳад кард».
Бозори ҷаҳонии ҳалол, бахусус бозори маҳсулоти ғизоии ҳалол, бо суръати баланд рушд мекунад. Бар асоси гузориши «Вазъи иқтисоди ҷаҳонии исломӣ», ки моҳи июн аз ҷониби «ДинараСтандарт», як ширкати машваратии амрикоии тахассусӣ дар бозорҳои мусулмонӣ, нашр шудааст, хароҷоти истеъмолкунандагон барои ғизои ҳалол дар соли 2024 ба 1,53 триллион доллар расидааст. Дар ин гузориш пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми ин бозор то соли 2029 ба 2,06 триллион доллар хоҳад расид.
Азбаски Филиппин дар соли 2026 раёсати даврии АСЕАН-ро бар уҳда дорад, моҳи гузашта ин кишвар мизбони ҷаласаи гурӯҳи кории АСЕАН оид ба ғизои ҳалол буд. Дар ин ҷаласа стандартҳои муштараки ҳалол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазорати тиҷорати Филиппин эълом кард, ки кишварҳои узви АСЕАН дар ҳоли ҳозир дастурҳои АСЕАН оид ба ғизои ҳалолро бо ҳадафи пешбурди як равиши ҳамоҳангшудаи минтақавӣ баррасӣ мекунанд. Филиппин низ тавассути механизмҳои мавҷудаи АСЕАН дар ин баҳсҳо фаъолона иштирок мекунад ва ҳар гуна созиши оянда ба мувофиқаи ҳамаи кишварҳои узв вобаста хоҳад буд.
Таваҷҷуҳ ба гирифтани гувоҳномаи ҳалол рӯ ба афзоиш аст, зеро ширкатҳо мехоҳанд ба истеъмолкунандагони мусулмон дар дохили кишвар ва бозорҳои содиротии АСЕАН, Ховари Миёна ва дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дастрасӣ пайдо кунанд.
Ҷолиб он аст, ки таваҷҷуҳ ба маҳсулоти ҳалол ҳатто ба бозорҳое, ки дар онҳо ғайримусулмонон аксариятро ташкил медиҳанд, густариш ёфтааст. Мутобиқати маҳсулоти ҳалол бо стандартҳои сахтгиронаи бехатарӣ ва тозагӣ дар раванди истеҳсолот барои истеъмолкунандагони ҳассос ба масъалаҳои саломатӣ низ ҷолиб аст. Аз ин рӯ, маҳсулоти ҳалол торафт бештар бо маҳсулоти босифат, бехатар ва солим ҳаммаъно дониста мешаванд.
4373252