Ба гузориши ситоди хабарии сию ҳафтумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ Мавлавӣ Назир Аҳмад Саломӣ, намояндаи маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ рӯзи панҷшанбе, дар севумин вебинари сию ҳафтумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ бо таъкид бар инки шарти нахуст ё умдатарин шарт барои таҳаққуқи ваҳдат, шинохти душман аст, ба ояти 27 сураи Оли Имрон (لَتَجِدَنَّ أَشَدَّ النَّاسِ عَداوَةً لِلَّذِينَ آمَنُوا الْيَهُودَ وَ الَّذِينَ أَشْرَكُوا), ки саҳюнистҳоро бузургтарин душмани уммати исломӣ муаррифӣ мекунад, ишора кард ва гуфт: агар нигоҳи кӯтоҳе ба сайри таърихӣ шарорати яҳуд ва душмани саҳюнизм бияндозем барои мо равшан мешавад, ки сахттарин душман ва омили ихтилоф дар байни уммати исломӣ, саҳюнистҳо ҳастанд.
Вай афзуд: дар ғазваи Уҳуд 300 нафар аз ҳамроҳӣ бо Паёмбар баргаштанд, омили баргашти онҳо ҳамон саҳюнистҳои замони Паёмбар буданд. Дар ғазваи Хандқ боз ҳам саҳюнистҳои он замон бо мушрикин эътилоф карда ва ба Мадина ҳамла карданд, ки муваффақ нашуданд. Дар ҷангҳои салибӣ ҳам, ки аз қарни ёздаҳуми мелодӣ то поёни қарни дувоздаҳуми мелодӣ яъне тақрибан 150 то 200 сол идома дошт, пушти пардаи он саҳюнистҳо буданд, ки ин ҷангҳоро ба роҳ андохтанд.
Вай ҳамчунин бо ишора ба соли 1948 мелодӣ ва таъсиси режими ишғолгари Қудс ва ишғоли сарзаминҳои Фаластини гуфт: дар соли 1948 мелодӣ сарзамини Фаластинро ба баҳонаи интиқом аз ҷараёни Ҳолокост ишғол карданд. Илова бар ин дар соли 1947 мелодӣ шибҳи қораи Ҳинд тақсим шуд ва намояндаи ҳукумати Биритониё, Конгресси Ҳинд ва мусалмонон тавофуқ карданд, ки дар ин тақсим тамоми манотиқи дорои аксарияти мусулмон бояд ба Покистон мулҳақ шавад ва манотиқи дорои аксарияти Ҳинд ва дар дасти Ҳиндустон ва Конгресси Ҳинд бошад; Аммо саҳюнистҳо Кашмир, ки 90 дарсад ҷамъияти он мусулмон будандро ба Покистон надоданд, ки ин масъала то имрӯз мояи ихтилоф миёни Покистон ва Ҳиндустон аст.
Мавлавӣ Саломӣ таҷзияи ҷануби Судон ва таҷзияи иқлими Курдистони Ироқро низ аз иқдомоти саҳюнистҳо донист ва изҳор кард: инҳо дар садад ҳастанд ба баҳонаҳои воҳӣ ва беасос кишварҳои исломиро тикка пора ва таҷзия кунанд.
Намояндаи маҷлиси Хубрагони Раҳбари дар поёни гуфт: Қуръони Маҷид ба сароҳат дар ояте, ки тиловат шуд, сахттарин душмани мусулмононро саҳюнистҳои яҳудӣ ва ҳамчунин мушрикин муаррифӣ мекунад, ки дар тули таърих даст ба дасти ҳам доданд ва бо тамоми имконоти худ ба қасди тикка пора кардани уммати исломӣ вориди кишварҳои исломӣ шуданд.