Намояндаи парлумони Британия хостори андешидани чораҳои сахтгиронатар барои мубориза бо ҷиноятҳои бар асоси нафратпароканӣ шуд.
Ба гузориши икно ба нақл аз The Argus, «Крис Уорд», намояндаи парлумони Британия, ҳамзамон бо гузашти як сол аз ҳамла ба масҷиде дар Брайтон, аз ихтисоси буҷаи иловагии давлат барои таъмини амнияти масҷидҳо ва ҳамчунин бастаи ҳимоявии 10 миллион фунтӣ барои ҳифзи ҷомеаҳои мусалмон истиқбол кард.
Ин оташсӯзӣ ба даромадгоҳи масҷид осеби ҷиддӣ расонд ва як мошин дар наздикии он низ нобуд шуд. Пас аз ин ҳодиса, «Кир Стармер», нахуствазир ва «Шабона Маҳмуд», вазири вақти умури дохилии Британия, аз масҷид боздид карданд, то ҳимоят ва ҳамбастагии худро бо ҷомеаҳои мусалмон нишон диҳанд.
Уорд гуфт: «Моҳи октябр ёдоварии гузашти як сол аз ҳамлаи ваҳшатноки оташсӯзонаи ҳадафмандона ба масҷиди Писҳейвен аст. Ин ҳамла бисёр такондиҳанда буд ва ба дурустӣ боиси нигаронии воқеӣ дар ҷомеаи мо гардид».
Вай дар идома гуфт: «Мо набояд танҳо ҳангоми рух додани ҳамла вокуниш нишон диҳем. Бояд итминон ҳосил кунем, ки мардум дар ҷомеаҳои худ эҳсоси амният мекунанд, бо нафратпароканӣ дар ҳар ҷое, ки рух медиҳад, мубориза барем ва мардумро ба ҳам наздиктар созем».
Вай ҳамчунин бар зарурати пешгирӣ аз рух додани ҷиноятҳои бар асоси нафратпароканӣ таъкид кард.
4386452