IQNA

21:34 - November 03, 2026
рақами хабар: 5284

Оғози сабти ном дар курсҳои маҷозии омӯзиши Қуръони Азҳар

Масҷиди ҷомеъи Азҳар аз оғози сабти ном барои курсҳои маҷозии (фосилавии) ҳифзи Қуръон тавассути платформаи байналмилалии ин масҷид хабар дод.

1

Ба гузориши икно, ба нақл аз «Масравӣ», ҳадафи ин тарҳ ҷалби 5 ҳазор нафар аз омӯзандагони Қуръон, аз ҷумла кӯдакон ва калонсолон, аз вилоятҳои мухталифи Миср мебошад.

Ин курсҳои дар сатҳҳои гуногун ва мутаносиб бо гурӯҳҳои синнусолӣ ва сатҳи ҳифзи Қуръони довталабон тарҳрезӣ шудаанд.

Масҷиди ҷомеъи Азҳар эълон кард, ки ин барнома барои кӯдакони аз 5 то 13-сола 10 сатҳи ҳифзи Қуръонро дар бар мегирад. Ҳар кӯдак бар асоси натиҷаҳои арзёбии ибтидоӣ дар сатҳи муносиб ҷой дода мешавад.

Ҳамчунин, ин барнома барои афроди 14-сола ва болотар низ пешбинӣ шудааст, ки барои онҳо 5 сатҳи ҳифзи Қуръон дар назар гирифта шудааст. Иштироккунандагон бар асоси натиҷаҳои имтиҳони муайян кардани сатҳ, дар муносибтарин сатҳи омӯзиш қарор мегиранд.

Пас аз анҷоми давраи сабти ном, аз довталабон имтиҳони муайян кардани сатҳ гирифта мешавад. Ҳадаф аз ин имтиҳонҳо ҷой додани ҳар омӯзандаи Қуръон дар гурӯҳи таълимӣ ва сатҳи муносиб, бар асоси миқдори оёти ҳифзшудаи ӯ мебошад.

Тавлияти Масҷиди ҷомеъи Азҳар таъкид кард, ки довталабон бояд тавассути пайванди мавҷуд дар шакли сабти ном ба гурӯҳҳои махсуси WhatsApp ҳамроҳ шаванд, то аз охирин хабарҳо дар бораи марҳилаҳои сабти ном, замонбандии имтиҳонҳо ва тарзи гурӯҳбандии омӯзишӣ огоҳ гарданд.

Ҳамчунин, иштирок дар курсҳои ҳифзи Қуръон ба сурати ҳамзамон ва ҳузурӣ ва маҷозӣ иҷозат дода намешавад. Агар маълум гардад, ки омӯзандаи Қуръон қаблан дар дарсҳои ҳузурии ҳифзи Қуръон сабти ном кардааст, ӯ аз курси маҷозӣ хориҷ карда мешавад.

Таваҷҷумандон ба иштирок дар барномаҳои маҷозии ҳифзи Қуръони Азҳар метавонанд бо пур кардани шакли дархости мавҷуд дар платформаи байналмилалии «Масҷиди ҷомеъи Азҳар» тавассути пайванди зерин дар ин курсҳои сабти ном кунанд:

https://service.azhar.eg/services/form

4386723

captcha