Мусулмонони Амрико дар интихоботи миёнамӯҳлати Конгресс талош доранд саҳми худро дар сохтори сиёсии ин кишвар афзоиш диҳанд. Ин интихобот дар шароите баргузор мешавад, ки ҷанг алайҳи Ғазза ва Эрон ва ҳимоятҳои низомии ИМА аз режими саҳюнистӣ ба яке аз меҳварҳои асосии рақобатҳои сиёсӣ табдил ёфтааст.
Ба гузориши икно, ба нақл аз рӯзномаи покистонии «Дон», мусулмонони Амрико дар интихоботи дарпешистода барои ба даст овардани курсиҳо дар Конгресс, маҷлисҳои қонунгузории иёлотҳо ва ниҳодҳои маҳаллӣ дар саросари ин кишвар рақобат мекунанд.
Ин рақобатҳо дар ҳоле баргузор мешаванд, ки сиёсати ҳукумати ИМА дар минтақаи Осиёи Ғарбӣ бо интиқодҳои рӯзафзун рӯбарӯ шудааст.
Ҷанг алайҳи Ғазза талабҳо барои қатъи ҳимоятҳои низомии Вашингтон аз режими саҳюнистиро афзоиш додааст. Ҷанг бо Эрон низ суолҳоеро дар бораи мудохилаи низомии ИМА, суботи минтақа ва хароҷоти ҳузури низомии ин кишвар дар хориҷ аз марзҳояш ба вуҷуд овардааст.
Шабакаи телевизионии мусулмонон бо номи MNTV бо баррасии феҳристи номзадҳо ва муқоисаи номҳо бо роҳнамоиҳои интихоботии созмонҳои маданӣ, собиқаи мақомдорони интихобшуда ва гузоришҳои расонаӣ, дастикам 51 номзади мусулмони амрикоиро дар ҳудуди 23 иёлот шиносоӣ кардааст.
Ин феҳрист як номзад ба интихоботи Сенат, 10 номзад ба интихоботи Маҷлиси намояндагон ва даҳҳо номзади дигарро дар рақобатҳои иёлотӣ ва маҳаллӣ дар бар мегирад.
Ин омор ҳадди ақали шумораи номзадҳои сабтшуда ва мустанадшударо нишон медиҳад ва ба маънои саршумории комили ҳузури мусулмонон дар интихоботи Амрико нест.
Рақобати таърихӣ барои ворид шудани як мусулмон ба Сенат
Яке аз муҳимтарин рақобатҳои интихоботӣ дар ин давра, интихоботи Сенати иёлати Мичиган аст. Дар ин иёлат «Абдурраҳмон ал-Сайид», ки бо номи «Абдусайид» маъруф аст, номзади Ҳизби демократ буда, талош мекунад ба нахустин мусулмоне табдил ёбад, ки ба Сенати ИМА роҳ меёбад.
«Ғазола Ҳошимӣ», муовини волии иёлати Вирҷиния ва нахустин зани мусулмоне, ки дар Амрико ба мақоми иҷроия дар сатҳи иёлот интихоб шудааст, моҳи сентябр аз Абдусайид ҳимоят кард.
«Доналд Трамп», раиси ҷумҳури Амрико, дар ҳамоиши интихоботии рӯзи 25 октябр дар Мичиган, ӯро «як мусулмони ҷиҳодӣ ва узви Ихвонулмуслимин» номид ва иддао кард, ки набояд иҷозаи вуруд ба Сенатро дошта бошад.
Ҳамлаҳои Трамп ба Илҳон Умар
«Илҳон Умар», намояндаи демократи иёлати Миннесота дар Маҷлиси намояндагони Амрико, ки барои интихоби дубора рақобат мекунад, низ бо ҳамлаҳои мушобеҳи Трамп рӯбарӯ шудааст.
Трамп борҳо ватандӯстии ӯро зери суол бурда, иттиҳомотеро дар бораи собиқаи муҳоҷиратии вай дубора матраҳ кардааст. Умар низ иқдомоти ҳукумати Амрико алайҳи худро як навъ тарсонидани сиёсӣ дониста ва таъкид кардааст, ки хомӯш нахоҳад шуд.
Ҷанг алайҳи Ғазза ба яке дигар аз меҳварҳои аслии рақобатҳои интихоботӣ табдил ёфтааст.
Бисёре аз раъйдиҳандагони мусулмон ва арабтабори амрикоӣ хостори бознигарии сиёсати Вашингтон дар заминаи ҳимоятҳои низомӣ аз режими саҳюнистӣ ҳастанд.
«Рашида Тлаиб», намояндаи демократи иёлати Мичиган дар Маҷлиси намояндагони Амрико, ки асли фаластинӣ дорад ва барои интихоби дубора рақобат мекунад, хостори ҷорӣ кардани таҳрими комили таслиҳотӣ алайҳи режими саҳюнистӣ шудааст.
Ҷанг алайҳи Эрон низ бар аҳамияти баҳсҳои марбут ба сиёсати хориҷӣ дар интихоботи миёнамӯҳлат афзудааст.
Номзадҳо фаротар аз чеҳраҳои шинохташудаи миллӣ
Номзадҳои шиносоӣшуда аз ҷониби шабакаи телевизионии мусулмонон нишон медиҳанд, ки ҳузури сиёсии мусулмонони Амрико фаротар аз чанд чеҳраи шинохташуда дар сатҳи миллӣ дар ҳоли густариш аст.
4386018