IQNA

21:51 - November 03, 2026
рақами хабар: 5286

Дорулфатвои Либия харид ва пӯшидани либосҳои бренди «Nike»-ро мамнӯъ эълон кард

Дорулфатвои Либия, ки марҷаъи асосии содир кардани аҳкоми шаръӣ дар ин кишвар мебошад, бо содир кардани фатво харид ва пӯшидани либосҳоеро, ки дорои нишони тиҷоратии «Nike» ҳастанд, ҷоиз надонист.

1

Ба гузориши икно, ба нақл аз «Арабӣ 21», Дорулфатвои Либия ба унвони марҷаъи асосии содир кардани аҳкоми шаръӣ дар ин кишвар, бо содир кардани фатво харид ва пӯшидани либосҳои дорои нишони тиҷоратии «Nike»-ро ҷоиз надонист.

Бар асоси ин гузориш, кумитаи фатвои ин ниҳод дар ҳукми худ эълом кард, ки дар бораи ҳукми шаръии пӯшидани либосҳои ин бренд суоле дарёфт кардааст. Дар ин суол ишора шуда буд, ки номи «Nike» вожаи юнонӣ ба маънои «олиҳаи пирӯзӣ» аст ва ба яке аз шахсиятҳои асотири Юнон ишора дорад.

Ин кумита тавзеҳ дод, ки муассиси ширкати «Nike» дар ёддоштҳои худ овардааст, ки тарҳи логотипи ин ширкат аз болҳои «олиҳаи пирӯзӣ» дар асотири Юнон илҳом гирифта шудааст. Кумитаи мазкур ба ин натиҷа расид, ки харид ва пӯшидани либосҳое, ки ин нишонро доранд, ба маънои таблиғи рамзҳои марбут ба «ширк» мебошад ва аз ин рӯ ҷоиз нест.

Илова бар ин, кумитаи мазкур мавқеи худро бо ишора ба ҳимояти ширкати «Nike» аз созмони «Ultimate Peace» тавҷеҳ кардааст. Ин созмон соли 2008 аз ҷониби се яҳудии амрикоӣ таъсис ёфтааст.

Кумитаи фатво изҳор дошт, ки ҳимояти ин ширкат аз созмони мазкур дар воқеъ ба маънои тарвиҷи «одисозӣ» ва одӣ гардонидани равобит миёни кӯдакони араб ва исроилӣ мебошад.

Кумитаи фатво дар поёни дархости худ аз мусулмонон хост, ки аз истифода, фурӯш ё хариди маҳсулоти ширкати «Nike» худдорӣ кунанд. Ин иқдом ба унвони рамзи ғайрати динӣ, роҳе барои ҳимоят аз мардуми Фаластин ва шевае барои муқобила бо душманони зикршуда тавсиф шудааст.

4386609

captcha