IQNA

0:03 - November 05, 2026
рақами хабар: 5293

Нахустин зани фаластинитабор ба Маҷлиси иёлати Ню-Йорк роҳ ёфт

Як зани фаластинитабор ба нахустин зани ҳиҷобпӯше табдил ёфт, ки ба Маҷлиси қонунгузории иёлати Ню-Йорк интихоб мешавад.

1

Ба гузориши хабаргузории қуръонии «икно» ба нақл аз «Мидл Ист Ай», Абар Қавос, номзади Ҳизби демократ ва узви Созмони сотсиалистҳои демократи Амрико, ба Маҷлиси Сенати иёлати Ню-Йорк роҳ ёфт ва ба нахустин зани фаластинию амрикоӣ ва нахустин зани ҳиҷобпӯше табдил ёфт, ки ба Маҷлиси қонунгузории ин иёлат интихоб мешавад.

Қавос дар рақобат барои ба даст овардани курсии ҳавзаи интихоботии дувоздаҳуми Маҷлиси Сенати иёлати Ню-Йорк пирӯз шуд. Дар ҳоле ки 90 дарсади раъйҳо шумурда шуда буд, ӯ 75 дарсади раъйҳои гирифташударо ба даст оварда буд.

Қавос пас аз эълони натиҷаҳои интихобот, дар паёми кӯтоҳе дар шабакаи иҷтимоии «Икс» навишт: «Мо таърихсоз шудем».

Тибқи ин гузориш, пирӯзии ӯ аз як тараф нуқтаи гардиши муҳим дар ҳузури фаластиниёни амрикоӣ ва занони мусулмон дар сохтори сиёсии Амрико ба шумор меравад ва аз тарафи дигар, нишондиҳандаи афзоиши нуфузи ҷараёнҳои пуштибони Фаластин дар арсаи сиёсии ин кишвар мебошад.

Шиори интихоботии Қавос «Маблағгузорӣ барои ҳифзи шараф ва мубориза бо вайронкорӣ» буд.

Бахши аввали ин шиор ба пуштибонии ӯ аз низоми беҳдошти ҳамагонӣ, нақлиёти ҷамъиятии тезу боэътимод ва манзили арзон ишора дошт. Бахши дуюми он низ мавқеи ӯро дар заминаи мубориза бо тағйирёбии иқлим, пуштибонӣ аз муҳоҷирон ва мухолифат бо ихтисоси буҷаи давлатӣ барои ҷанг бозтоб медод.

Ӯ аз аъзои Созмони «Сотсиалистҳои демократи Амрико» мебошад. Ин ҷараён пас аз пирӯзии таърихии Зуҳрон Мамдонӣ дар интихоботи шаҳрдории Ню-Йорк дар соли гузашта, дастовардҳои назарраси интихоботӣ ба даст овардааст.

Қавос, ки дар Бруклин аз падару модари фаластинӣ ба дунё омадааст, ҳамчунин аз сиёсатҳои сахтгиронаи муҳоҷирати Амрико интиқод мекунад.

Ин намояндаи интихобшуда ҳамчунин аз мунтақидони ҷиддии сиёсатҳои низоми саҳюнистӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ миёни Амрико ва ин низом мебошад.

Ӯ пеш аз интихобот, дар эътироз ба сафари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири низоми саҳюнистӣ ба Ню-Йорк барои ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, иштирок кард ва ҳамроҳ бо даҳҳо эътирозгари дигар боздошт шуд. Онҳо баъдан озод гардиданд.

4387013

captcha