IQNA

Оғози Тӯфони Ал-Ақсо; Аз тасарруфи маркази полиси Сдерот то саҷдаи шукри раҳбарони муқовимат + филм 

0:07 - October 09, 2023
рақами хабар: 539
Фаластин (ИКНА) фармондеҳи кулли гуруҳои Ал-Ақсо, шохаи низомии Ҳамос зимни эъломи оғози амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи саҳюнистҳо, тасреҳ кард, ки замони ёғигарии ишғолгарон ба поён расидааст.

Расонаҳои фаластинӣ ҳам эълом карданд, ки размндагони гуруҳҳои Ал-Қисом тавонистанд вориди мақарри полиси Сдерот шаванд ва онро ба тасарруф дар оварданд. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Аҳмад Абдурраҳмон, як коршиноси низомӣ дар гуфтугӯ бо Ал-Маёдин тасреҳ кард: ҳамзамон бо ҳамалоти низомии Тӯфони Ал-Ақсо, ҳамалоти сайберӣ ба сомонаи Гунбади Оҳанин низ иттифоқ афтодааст.

Раиси созмони фаврияти пизишкии режими саҳюнистӣ (Ситораи Довуд) низ гузориш дод, ки теъдоди куштаҳо ба ҳадде зиёд аст, ки мо ҳанӯз омори дақиқе аз онҳо надорем.

Расонаҳои фаластинӣ эълом карданд, ки размндагони Ал-Қисом тавонистанд вориди мақарри полиси Сдерот шаванд ва онро ба тасарруф дароварданд. 4 низомии саҳюнистӣ дар ин амалиёт ба асорат дар омадаанд. Шабакаи Кони режими саҳюнистӣ ҳам гузориш дод дар пайи вуруд ба маркази полис Сдерот, чандин низомӣ кушта шуданд.

Замони ёғигарии ишғолгарон ба поён расид

Фармондеҳи Катоиби Ал-Ақсо дар вокуниш ба ин амалиёт эълом кард замони ёғигарии ишғолгарон ба поён расидааст.

Муҳаммад Ал-Зайф, фармондеҳи кулли шохаи низомии Ҳамос бо баёни инки оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсоро эълом мекунем тасреҳ кард: дар ҳамлаи аввал мавозеи душман ва фурудгоҳҳо аз 5 ҳазор мушак ва ракет фаротар рафт. Тасмим гирифтаем ҷинояти ишғолгаронро поён диҳем. Замоне, ки онҳо бидуни ҳеҷгуна ҳисоб ва китобе ёғигарӣ мекарданд ба поён расидааст.

код

Видеои аз шодии мардуми Наблос дар Каронаи Бохтариро мушоҳида мекунед, ки бо ҳузур дар хиёбонҳо зимни ибрози шӯр ва шаафи худ аз амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо тамҷид мекунанд. 

 

 

 

https://iqna.ir/fa/news/4173445/

captcha