IQNA

Бо таҳаввулоти Фаластин

Аз ҷаласаи изтирории Шӯрои амният то вуруди Ҳизбуллоҳи Лубнон ба набарди бо саҳюнистҳо 

10:12 - October 09, 2023
рақами хабар: 541
Фаластин (ИКНА) дар пайи ҳамлаи густурдаи заминӣ ва мушакии муқовимати Фаластин ба сарзаминҳои ишғолӣ, Шӯрои амнияти Созмони Милал имрӯз ҷаласае изтирорӣ баргузор мекунад. Аз сӯи дигар неруҳои муқовимати Лубнон чанд пойгоҳи низомии саҳюнистҳоро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши Алҷазира дар пайи амалиёти бесобиқаи мавсум ба "Тӯфони Ал-Ақсо" аз сӯи ҷабҳаи муқовимати Фаластин алайҳи сарзаминҳои ишғолӣ, Нетанёҳу, нахуствазири ин режим таҳдид кард, ки Ғаззаро ба як ҷазираи матруки табдил хоҳад кард. Вай аз сокинони Ғазза хост фавран ин минтақаро тарк кунанд.

Неруҳои Исроил пас аз амалиёти низомии Ҳамос дар рӯзи шанбе, бомбаборони Ғаззаро ташдид карданд ва як бурҷи 14 табақа дар маркази Ғаззаро, ки даҳҳо опортумон ва ҳамчунин дафотири гурӯҳи Фаластинии Ҳамосро дар худ ҷой дода буд, бомбаборон карданд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ннруҳои амниятии режими саҳюнистӣ кантроли як истгоҳи полис дар шаҳри Седирот дар ҷануби сарзаминҳои ишғолиро ба даст гирифтанд ва ҳадди ақал 10 муборизи Фаластиниро пас аз як соати даргир ба шаҳодат расонданд.

Пештар гузоришҳои мунташир шуда буд мабни бар инки неруҳои исроилӣ бахше аз истгоҳи полисро бо булдузер тахриб карданд то ба ин марказ дастрасӣ пайдо кунанд.

Ҷаласаи изтирории Шӯрои амният

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (UNSC) қарор аст дар ҷаласае маҳрамона, дар бораи ҷанг дар сарзаминҳои ишғолӣ, таҳаввулотро баррасӣ кунад. Ин нишасти ибтидоӣ тавассути Малта, узви феълии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дархост шуд ва Имороти Муттаҳидаи арабӣ ва Бразилия аз он ҳимоят карданд. 15 узви феълии Шӯрои амният дар соати 15 рӯзи якшанбе (19:00 ба вақти Гринвич) дар мақарри Созмони Милал дар Нию-Йорк дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.

Ҳушдори Нетанёҳу дар бораи ҷанги тӯлонӣ ва душвор

Нахуствазири Исроил гуфт, ки ин режим дар ҳоли «ҷанги тӯлонӣ ва душвор» алайҳи Ҳамос аст. Нетанёҳу дар шабакаи иҷтимоӣ Икс муддаӣ шуд: ҷанг тавассути як ҳамлаи маргбори Ҳамос бар мо таҳмил шуд. Вай афзуд: ҳамла оғоз шудааст ва «бидуни қайд ва шарт ва бидуни мӯҳлат идома хоҳад дошт то замоне, ки ба аҳдоф даст ёбем».

Беш аз 100 саҳюнист, асир шуданд

Расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, ки бар асоси баровардҳо теъдоди усарои саҳюнистӣ назди ҷунбиши Ҳамос ба 100 нафар мерасад. Рӯзномаи саҳюнистӣ Едиот Аҳанот эълом кард, ки баровардаш аз теъдоди усарои саҳюнистӣ назди ҷунбиши Ҳамос дар Ғазза тақрибан 100 нафар аст, ки дар миёнашон низомӣ, афсар ва ғайринизомӣ вуҷуд дорад.

Даргирии Ҳизбуллоҳ ва режими саҳюнистӣ 

Авичай Адрей, сухангӯи артиши Исроил дирӯз душанбе эълом кард, ки тӯпхонаи Исроил манотиқи Лубнонро, ки аз он, ракет ба самти Исроил шиллик шудааст, бомбаборон кардааст, вай таъкид кард, ки артиши Исроил барои ҳамаи сенарияҳо омодааст.

Бар асоси охирин оморҳо токунун 300 саҳюнист дар ин ҳамалот кушта ва 1590 нафар дигар захмӣ шуданд. Даргириҳо миёни неруҳои муқовимати Фаластин дар Ғазза ва неруҳои саҳюнистӣ ҳамчунон идома дорад.

https://iqna.ir/fa/news/4173679

captcha