IQNA

Панҷумин рӯз аз амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо

Бомбаборони манзили падари фармондеҳи Ҳамос/ омори шуҳадои фаластинӣ ба 950 нафар расид 

15:56 - October 12, 2023
рақами хабар: 558
Фаластин (ИКНА) ба думболи ҳамлаи ҳавоӣ артиши режими саҳюнистӣ ба манзили падари "Муҳаммад Зайф", фармондеҳи шохаи низомии Ҳамос дар Навори Ғазза 4 тан аз аъзои ин хонавода ба шаҳодат расиданд. Ҳамчунин вазорати беҳдошти Фаластин субҳи имрӯз шумори шуҳадои ҳамалоти ваҳшиёнаи Исроил ба манотиқи мухталифи Навори Ғазза тайи панҷ рӯзи ахирро 950 нафар ва шумори захмиҳоро 5000 ҳазор нафар эълом кард.

Ба гузориши Алҷазира, рӯзномаи ибризабони Ҷурсалим Пуст бомдоди чаҳоршанбе, гузориш дод, ки артиши режими саҳюнистӣ ба манзили падари Муҳаммад Зайф, фармондеҳи шохаи низомии Ҳамос дар Навори Ғазза ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.

Расонаҳои фаластинӣ низ хабар доданд, ки дар ҳамла ба ин манзил дар Хонюнус, 4 узви хонаводаи Зайф аз ҷумла «Абу Мадҳат Зайф» бародари фармондеҳи гурдонҳои Ал-Қисом ба шаҳодат расидаанд.

Гуфта мешавад Мадҳат, бародарзодаи Муҳаммад Зайф ва «Ҳало» наваи ӯ, дар ҳамлаи ҷинояткоронаи саҳюнистҳо шаҳид шудаанд. Ҳанӯз теъдоди дигаре аз аъзои хонавода зери овор ҳастанд. Вазорати беҳдошти Фаластин дар баёнияи кӯтоҳе эълом кард, ки шумори шуҳадои ҳамалоти ваҳшиёнаи артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Навори Ғазза тайи панҷ рӯзи ахир ба 950 нафар ва шумори захмиҳо ба 5000 ҳазор нафар расидааст.

Самӣ Абузаҳрӣ, аз раҳбарони Ҷунбиши Ҳамос гуфт, ки режими саҳюнистӣ бояд мутаваҷҷеҳ шавад, ки муодилот тағйир кардааст.

Ба гузориши Ан-Нашра, Абузаҳрӣ дар як гуфтугӯи телевизионӣ, афзуд: режими ишғолгар бояд мутаваҷҷеҳ шавад, ки муодилот тағйир кардааст ва қатл бо қатл, вайронӣ бо вайронӣ ва асорат бо асорат посух дода мешавад.

Манобеи фаластинӣ аз ҳамалоти шадид ба шимоли Ғазза хабар доданд, ки тайи он манотиқи бисёре бомбаборон шуд. Сутуне аз шарқи урдугоҳи Ҷиболиё дар шимоли Ғазза ба ҳаво бархостааст. Ин минтақа дар маърази бомбаборони сангин қарор дорад.

Размндагони муқовимати Фаластин аз субҳи шанбе, амалиёти беназири худ бо ном Ал-Ақсоро аз Ғазза алайҳи мавозеи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз кардаанд; Амалиёте, ки дар умри 75 солаи ишғолгарон собиқа надошта ва саҳюнистҳо ва ҳомиёни ғарбии онҳоро дар шок фурӯ бурда, ба тавре, ки то ин соат беш аз 1100 саҳюнист ба ҳалокат расидаанд.

https://iqna.ir/fa/news/4174477

captcha